Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забон донӣ, ҷаҳон донӣ (Қиссаи тарҷумонҳои СММ)


Агар шумо фикр мекунед, ки забондони хуб ҳастед, пас барои дарёфти кор ба бахши тарҷумонии СММ, ки ба қавли ҳолдонҳо аз мушкилтарину масъултарин касбҳои олам ба шумор меравад, муроҷиат кунед.

Тирамоҳи гузашта вақте раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз минбари Маҷмаи кулли СММ паёми пурҷӯшу хурӯши худро ироа мекард, дар дақиқаи 75-уми суханронӣ тарҷумони хусусии ӯ Фуод Злитнӣ аз ҳуш рафт ва 21 дақиқаи боқимондаро тарҷумони СММ аз арабӣ ба англисӣ баргардон намуд. Вале дар толори бузурги СММ касе хабардор нашуд, ки як тарҷумон аз по афтиду, дигаре ҷои ӯро ишғол намуд.

Ҳуссом Фаҳр, раҳбари бахши тарҷумонҳои забони арабии СММ, мегӯяд, тарҷумони Қаззофӣ бо фишори равонии хеле бештар аз имконоти як тарҷумон мувоҷеҳ шуд. "Ин вазъи муқаррарӣ набуд. Албатта ҳар кишвар ҳақ дорад бо худ тарҷумон орад. Қаззофӣ ҳам тарҷумонҳояшро бо худ оварда буд. Онҳо дар ҳуҷраҳои тарҷумонӣ ҷойгир шуданд. Мо имкон додем, ки онҳо кори худро иҷро кунанд, вале дар дақиқаи 75-уми паём яке аз онҳо беҳуш шуд. Ман сари таъзим фурӯд меорам, ӯ дар он шароит кори хеле хуберо анҷом дод."

Ин тасодуф шаҳодати заҳмати душвори тарҷумонҳо, ба вижа тарҷумонҳое мебошад, ки бояд ҳамзамон бо гӯянда паёмро тарҷума кунанд.

СММ аз 192 кишвари узв иборат аст, ки аксари кулли онҳо бо забонҳои худ сӯҳбат мекунанд ва аз ин рӯ, тарҷума яке аз рукнҳои муҳимтарини кори рӯзмарраи ин ниҳоди байналмилалӣ мебошад, ки дар он 460 тарҷумон ифои вазифа мекунанд. Забонҳои кории СММ англисиву фаронсавӣ мебошанд, вале чор забони дигар - арабӣ, чинӣ, русӣ ва испаниявӣ ба ҳайси забонҳои расмии СММ эътироф шудаанд ва ҳар ҳуҷҷате ба ин забонҳо низ баргардон мешавад.

Омӯзишу донистани забонҳо фақат оғози кори тарҷумон аст. Тарҷумон бояд ҳам дипломат бошад, то тарҷумааш ба лаҳни дипломатҳо мутобиқат кунад. Тарҷумон бояд мутахассиси соҳа бошад, то масалан, вақте дар бораи мушакҳои ҳастаӣ ва ё қоидаи роҳ сӯҳбат мекунад, шунаванда эҳсос намояд, ки бо муҳандиси мушак ва ё афсари пулис ҳарф мезанад. Тарҷумонҳои баландпояи СММ солона то 76 ҳазор доллар маош мегиранд. Вале тавре раҳбарони бахши тарҷумаи СММ мегӯянд, пайдо намудани тарҷумони варзида кори осон нест.

Игор Шпинёв раҳбарии бахши тамрини тарҷумонҳои СММ-ро бар ӯҳда дорад. Ӯ мегӯяд: "Мо дар ҷустуҷӯи афроди дорои ҷаҳонбинии васеъ ҳастем. Баъзан одамон аз англисӣ ва ё фаронсавӣ ба забони русӣ хуб тарҷума мекунанд, сӯҳбаташон ба забони англисиву фаронсавӣ чандон хуб нест. Ё ин ки онҳо як матни марбут бо нерӯи ҳаставиро моҳирона тарҷума мекунанд, вале агар аз онҳо хоҳиш кунед, ки аз фурӯшгоҳи фаронсавӣ шир харидорӣ намоянд, онҳо худро гум мекунанд."

Соли гузашта аз миёни 1800 довталаби мансаби тарҷумони забони чинӣ дар СММ ҳамагӣ даҳ нафар тавонистанд имтиҳонро бомуваффақият супоранд. Аз миёни 400 довталаби мансаби тарҷумони забони арабӣ фақат ду кас ба супурдани имтиҳон муваффақ гаштанду халос.

Барои аввалин бор касби тарҷумон соли 1946 аснои муҳокимаи натсистон дар шаҳри Нюрнберги Олмон муаррифӣ шуд. Ҳоло тарҷумонҳои СММ рӯзмарра садҳо санаду қатъномаро ба забонҳои кишварҳои узви СММ тарҷима мекунанд. Тарҷумони аз ҳама пешқадам он аст, ки ҳамзамон бо сухангӯй паёмро бозгардон мекунад.

Баъзан, дар арафаи ҷаласаҳои Маҷмаъи кулли СММ ва ё Шӯрои амният ба тарҷумонҳо истилоҳҳои шабеҳ ва ё ҳатто лоиҳаи паёми сухангӯёнро пешкаш мекунанд, то онҳо аз қазия огаҳ бошанд. Аммо боз ҳам ҳар инсон метавонад як лаҳза дар бораи чизи дигаре фикр кунад ва ё бидуни назорат паёмро барғалат тарҷума кунад. Ҳуссом Фаҳр ба хотир меорад, ки дар соли 1992 вақте дипломати мисрӣ Бутрос Бутрос Ғолӣ савганди дабири кулли СММ ёд мекарду, сипас ҳозирин ӯро табрик мекарданд, тарҷумони англисӣ дар тарҷумааш гуфт, «ман шуморо бо таъйин ба мансаби дабири кулли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрик мекунам». Вале дар он маросими ботантана ин хато ба як шӯхии ширин табдил ёфт.
XS
SM
MD
LG