Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев: Демократияи ғарбӣ дигар кор намеояд


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, фурсати бозбинии демократияи ғарбӣ дар кишвараш фаро расидааст. Боқиев, ки дар як анҷумани ғайрирасмии мардумӣ дар Бишкек сӯҳбат мекард, гуфт, демократияе, ки бар интихобот ва ҳуқуқи инсон асос ёфтааст, дар Қирғизистон кор намеояд.
Боқиев, ки мухолифинаш ӯро ба фасод ва худкомагӣ айбдор мекунанд ва истеъфояшро тақозо доранд, ҳамчунин хостори бознигарии аслҳои ҳуқуқи башар дар кишвараш шуд.
Ин суханронӣ дар арафаи солгарди панҷуми “инқилоби лолагӣ”, ки Боқиевро ба сари қудрат овард, садо дода, боиси бурузи нигарониҳо дар бораи аз масири ислоҳот ва демократия боз ҳам ақибтар нишастани давлати Қирғизистон шудааст.
XS
SM
MD
LG