Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лолаҳои пажмурдаи Иссиқкӯл"


Панҷ соли аз “инқилоби лолаӣ”-и Қирғизистон сипарӣ мешавад. Аммо Дуишонқул Чотонов аз эътирозгарони фаъоли намоишҳои инқилобии моҳи марти соли 2005 акнун мегӯяд, майле ба таҷлили солрӯзи он инқилобро надорад.

Норозигиҳо аз натоиҷи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2005 ҳазорҳо нафарро дар намоишҳои эътирозии ҳамоҳангношуда дар Бишкек гирди ҳам оварда буд.

Эътирозгарон раисиҷумҳур Аскар Оқоев ва хонаводаи ӯро дар фасод муттаҳам карданд ва талоши ғасби биноҳои ҳукуматиро карданд. Миёни эътирозгарон ва кормандони милиса задухурд ба вуқӯъ пайваст, авзоъ аз назорат берун шуд.

Дар ҳамин вазъ Аскар Оқоев ва пайвандонаш ба таври оҷил кишварро тарк намуданд. Қурмонбек Боқиев, ки ҳамроҳ бо дигар ходимони маъруфи мухолифин лаҷоми қудратро ба даст гирифт ва чанд моҳ баъд курсии сарвари кишварро ишғол кард, ба мардум ваъдаи ислоҳоти фаврӣ ва ҷиддӣ дод.

Аммо омӯзгори 38-сола Дуишонқул Чотонов мегӯяд, ки раисиҷумҳур интизороти онҳоро бароварда насохт. Ӯ меафзояд, ки эътирозгарон, мухолифин ва ҳама мардум ба тағйирот ва ислоҳоти фаврӣ умед баста буданд ва гумон доштанд, ки сатҳи зиндагӣ дар кишвар боло меравад, ва аммо, бо таассуф мегӯяд омӯзгор, ин ҳама умедҳо ботил баромад.

Ба гуфтаи Чотонов, ба зудӣ рушан шуд, ки Боқиев ва дигар ходимони сиёсӣ дар пайи тақсими мансабҳоянд ва на дар андешаи таъсиси ҳукумате, ки ба он мутахассисони варзида аз ҳама манотиқи кишвар шомил шаванд. Ӯ меафзояд, “мо фаҳмидем, ки инқилоби моро аз мо рабудаанд”.

Максим – меросбари падар


Бештари қирғизҳо имрӯз инқилоби лолаиро ҳодисае мехонанд, ки бар асари он як раҳбари фасодзада бо раҳбари фасодзадаи дигар иваз шуд. Баъди сари қудрат омадан раисиҷумҳури нави Қирғизистон Қурмонбек Боқиев пайвандони худро дар курсиҳои воло нишонд. Бародари ӯ Ҷаниш Боқиев мақоми раиси Хадамоти ҳифозати давлатиро соҳиб шуд, сохторе, ки тибқи хабарҳо, ахиран буҷа ва теъдоди кормандонаш афзоиш ёфт.

Мухолифин Ҷаниш Боқиевро дар он айбдор мекунанд, ки мақомоти ҳифзи тартиботро алайҳи аҳзоби мухолиф таҳрик медиҳад. Ва аммо бо вуҷуди интиқод дар робита ба таъиноти бародараш, Қурмонбек Боқиев писари худ Максимро дар садри Бунгоҳи сармоягузорӣ шинонд. Ин таъинот сару садоҳоеро ба миён овард, ки раисиҷумҳур Максимро меросбари худ интихоб кардааст.

Аввалҳои ҳамин моҳ ҳазорон сокинони вилояти Норин, воқеъ дар шимоли кишвар, ба хиёбонҳо рехта талаб карданд, ки Максим Боқиев мақоми худ ва кишварро тарк намояд.

Як қадам ба пеш, ду қадам ба ақиб?


Дар маҷмӯъ тайи панҷ соли раёсати Қурмонбек Боқиев Қирғизистон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд, фишор болои расонаҳои мустақил ва мухолифони сиёсӣ ба карат афзоиш ёфт. Соли 2007, дар интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ, ҳизби тоза таъсис кардаи Боқиев мавсум ба “Оқ Жол” ё Роҳи сафед, аз 90 курсии Жогороку Кенеш 71-тояшро соҳиб шуд.

Тайи панҷ сол Боқиевро теъдоди зиёде аз ҳамсафонаш ва онҳое, ки барои ба қудрат расидан кумакаш карда буданд, тарк намуданд. Вазири пешини умури хориҷа Роза Отунбоева бошад ба сафи мухолифини раисиҷумҳур пайвааст. Чанд нафари дигар, аз ҷумла, собиқ вазири дифоъ Исмоил Исҳоқов, маҳкум ба зиндон шуданд.

Ҳамзамон мухолифин раисиҷумҳурро дар он муттаҳам мекунанд, ки чун ӯ зодаи вилояти ҷанубии Ҷалолобод аст, тайи ин солҳо фақат ба ҳаммаҳалҳои худ мансабҳои воло додааст.

Дар мавриди он ки чанд нафар аз зодагони вилоятҳои ҷанубии Бодканд, Ӯш ва Ҷалолобод тайи панҷ соли ахир соҳиби мақомҳои воло шудаанд, иттилоъи расмӣ мавҷуд нест.

Ва аммо коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки шурӯъ аз соли 2005 дар садри беш аз 50 дар сади вазорату идораҳои калидии кишвар намояндагони ин вилоятҳо баргузида шудаанд.

Отунбоева: “Инқилоб ноком набуд”

Ва аммо оё инқилоби Қирғизистон воқеъан ҳам ноком шудааст? Роза Отунбоева ба ин суол посухи рад медиҳад ва меафзояд, ки “инқилоб ин як қадам ба пеш буд, тайи панҷ сол ҳизбҳои нави сиёсӣ арзи вуҷуд карданд, мухолифин вориди парлумон шуданд”. Зимнан, имрӯз дар Қирғизистон назар ба ҳама кишварҳои минтақа бештар аҳзоби сиёсӣ фаъолият доранд.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки ҷонибдорони мухолифин метавонанд дар хиёбонҳо ҷамъ омада, ба раисиҷумҳур ва ҳукумат эътироз кунанд. Баргузории ин гуна намоишҳо дар ду кишвари минтақа – Узбакистон ва Туркманистон тасаввурнопазир аст.
XS
SM
MD
LG