Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 кӯдак аз СПИД дар Намангон


Як сомонаи интернетии узбакӣ мегӯяд, бурузи бемории қаттоли СПИД дар ду шифохонаи кӯдакон дар Узбакистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 14 тифл шуда, 133 нафари дигарро ба вируси ВИЧ, ангезандаи СПИД, гирифтор кардааст. Даниил Кислов, сардабири сомонаи Фарғона нуқта Ру мегӯяд, ин мавридҳои бурузи СПИД ҳанӯз соли 2007 иттифоқ уфтода, додситонии кулли Узбакистон дар борааш барои телевизиони давлатӣ ҳатто як филми мустанад бардоштааст.
Аммо ин филм ягон бор намоиш дода нашуд.
Асноди дар Фарғона нуқта Ру нашршуда аммо мегӯяд, 12 тан аз табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ дар шаҳри Намангон бо ҷурми ба кӯдакон додани дорувори сироятшуда маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG