Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ваъдаи пеша аз интихоботии худро иҷро кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз тасвиби барномаи ислоҳоти низоми тиббӣ аз сӯи Маҷлиси Намояндагон истиқбол кард ва гуфт, ки ин як барномаи муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад.

Ба тарафдории барномаи мазкур 219 нафар раъйи мувофиқ ва 212 вакил раъйи муқобил додаанд. Бар асоси барномаи мазкур, 30 миллион нафар шаҳрвандони маҳрум аз бимаи тиббии Амрико ҳаққи табобат дар дармонгоҳҳоро пайдо мекунанд.

Аммо масъалаи ихтилофбарангези низоми беҳдоштӣ дар Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз рафъ нашудааст. Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ваъда додаанд, ки дар сурати дастёбӣ ба курсиҳои кофӣ дар интихоботи миёндавраии моҳи ноябр, барномаи мазкурро рад хоҳанд кард.

Тасвиби барномаи ислоҳоти низоми тиббӣ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико як пирӯзии Барак Обама маҳсуб мешавад, ки дар замони корзори пеш аз интихоботиаш ваъда дода буд, ин корро хоҳад кард.

Барак Обама баъди ин раъйгирии гуфт: “Дар ниҳоят, имрӯз нишондиҳандаи он аст, ки санги дигаре дар таҳкурсии орзуи амрикоӣ гузошта шуд. Имшаб мо ба даъвати таърих посух додем, чуноне, ки наслҳои зиёде пеш аз мо кардаанд. Вақте мо ба бӯҳрон рӯ ба рӯ будем, аз чолишҳо даст накашидем, балки онҳоро паси сар кардем. Мо аз масъулияти хеш фирор накардем, мо онро пазируфтем. Мо аз ояндаи худ натарсидем, балки онро шакл додем. Ташакур ба шумо. Худованд ба шумо баракат диҳад ва Худо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баракат диҳад”.

Тасвиби барномаи ислоҳи низоми тандурустии Амрико, баъди талошҳои беш аз яксолаи Барак Обама ва вакилони демократ дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида ба даст омад. Бо вуҷуди мухолифатҳои мушкилофари вакилони ҷумҳурихоҳ ва демократҳои муҳофизакор, санади мазкур тасвиб шуд.

Баъди раъгирӣ дар сенати Амрико, Барак Обама эҳтимолан онро ҳафтаи оянда имзо хоҳад кард. Барномаи мазкур, яке аз мавзӯъҳое буд, ки маҳофили сиёсии Амрикоро ба ду ҷабҳа тақсим кардааст.

Ҷефф Дейвис – вакили ҷумҳурихоҳ, ҳизби онҳо “мотам” дорад: “Қалби ман имрӯз пур аз мотам аст. Раъйгирии имрӯз, Амрикои ояндаро чунин таъйин мекунад, бори гарони молиёти азим, хадамоти ба навбати тиббӣ, бюрократияи зиёд. Демократҳо диди мардуми Амрикоро имрӯз ба дигар тараф бурда ва онҳоро ба шитоб ба роҳи тӯлонӣ ба самти сотсиализм ҳидоят мекунанд”.

Ихтилофоти амиқи назар дар ин масъала заминаҳои идеологӣ дорад. Нерӯҳои либерали Амрико мегуфтанд, хадамоти тиббӣ барои ҳама
“ҳақ аст, на имтиёз”.

Ненсӣ Пелосӣ - раиси Маҷлиси Намояндагон: “Баъди баҳсҳои яксола ва шунидани даъвати миллионҳо амрикоӣ мо ба лаҳзаи таърихӣ расидем. Мо имрӯз имкони онро дорем, ки кори бузурги нотамоми ҷомеаи худро ба поён расонем ва ислоҳоти бимаи тиббӣ барои тамоми амрикоиҳоро тасвиб кунем, ки ин як ҳақ аст, на имтиёз”.

Аммо муҳофизакорон ва ҷумҳурихоҳону идеяи мазкурро, идеяи ғайриамрикоӣ медонанд, зеро барномаи мазкурро дахолати ҳукумати бузург ба зиндагии хусусии шаҳрвандон медонанд, ки ҳаққи интихоб аз онҳост. Ба гуфтаи онҳо, барои иҷрои ин барнома тайи як даҳсолаи оянда 900 миллиард доллар зарур хоҳад шуд, ки ин маблағ ҳукуматро ба чоҳи қарз амиқтар мебарад.

Бар асоси ин барнома тамоми амрикоҳо маҷбуранд, ки бимаи тиббӣ дошта бошанд ва дар сурати нагирифтан ҷарима хоҳанд шуд. Ҳукумат барои гирифтани бима ба хонаводаҳои камбизоат кӯмаки молӣ мекунад.

Ширкати хусусии бима ҳам, бар асоси муқаррароти нав фаъолият хоҳанд кард ва ҳақ нахоҳанд дошт, ки пули табобати афроди аз қабл беморро напардозанд. Ё фарде, ки бима дошт ва баъдан бемор шуд, аз ин бима маҳрум карда намешавад.

Бар асоси ин барнома ҳамчунин афроди сарватманд молиёти наве мепардозанд. Бисёре аз муқаррароти барнома то соли 2014 мавриди иҷро қарор намегирад ва демократҳо метарсанд, ки дар ин муддати тӯлонӣ ҷомеа ноумед хоҳад шуд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG