Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сабти номи Маркази исломии Тоҷикистон


Бо гузашти се моҳ аз анҷоми замони сабти номи муассисаҳои динӣ дар Тоҷикистон, Маркази исломии кишвар натавонистааст сабти ном шавад. Ин марказ соли 1997 дар заминаи идораи муфтиёт, ташкил шудааст.


Назорати фаъолияти масоҷид дар қаламрави кишвар, ҳаллу фасли баҳсу масоили динӣ, содир кардани фатвои расмӣ, таъйини оғозу анҷоми моҳи Рамазон, Иди Қурбону Иди Рамазон ва бақия масоили динӣ, дар салоҳияти ин ниҳод аст.

Масоили мазкур, аз сӯи Шӯрои уламои динӣ, ки дар назди ин марказ таъсис ёфтааст, расидагӣ мешавад. Ҳамакнун мақоми ҳуқуқии Маркази исломии Тоҷикистон муаллақ ва номуайян аст ва маълум ҳам нест, ки ин ниҳод дубора кай сабти ном хоҳад шуд?

Маркази исломии Тоҷикистон як ниҳоди масъул дар умури дин дар ин кишвар айни замон мақоми ҳуқуқии номуайян ва муаллақ дорад. Зеро дар доираи талаботи Қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дубора сабти ном нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонуни мазкур аз аввали соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифта ва муассиса ва ниҳодҳои мазҳабӣ, ки то ин замон аз қайдӣ давлатӣ нагузаштаанд, ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд.

Аммо Шайх Амонулло Неъматзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолияти Маркази исломиро ғайриқонунӣ намеҳисобад.

Ба гуфтаи ҷаноби Неъматзода, иллати таъхир дар сабти номи дигарбораи Марказӣ исломиро аз масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон бояд пурсид, ки бо кадом далоил асноди пеш ниҳодии онҳоро қабул намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз посухи мушаххас дар бораи мақоми ҳуқуқии имрӯзаи Маркази исломӣ ва то куҷо дар чавкоти қонун амал кардани он худдорӣ карданд.

Сабти номи Маркази исломӣ, баъди сабти масоҷиди ҷомеъ?

Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи умури дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки дар воқеъ Маркази исломӣ дар вазъияти пешомада наметавонад сабти ном шавад.

Зеро дар асоси талаботи Қонуни дин, ки аз якуми январ ба ҳукми амал даромадааст, муассисони ин ниҳод, яъне масоҷиди ҷомеи шаҳру навоҳии кишвар ҳанӯз раванди сабти номро ба анҷом нарасонидаанд. Ва танҳо баъди анҷоми ин марҳала ва пешниҳоди аз нисф бештари онҳо барои ташкили Маркази исломии ҷумҳурӣ, ин амр имконпазир хоҳад шуд.

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарони умури дин Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар бештарин ҳолат, бо судури фатвоҳо ба нафъи ҳукумат ҳимоят мекунад, манзалати муносибро сазовор нашудааст.
Аз сӯи дигар, дар ҳайати бистнафарии Шӯрои улламои Маркази исломӣ рӯҳониюн ва уламои саршиноси кишвар ҷой наёфтанд, ки ин низ далели камэътибор будани он дар ҷомеа шудааст.

Маркази исломии Тоҷикистон соли 1997 дар заминаи идораи муфтиёти ин кишвар ташкил шудааст. Ин ниҳод то соли 1993 Идораи қозиёти мусалмонони Тоҷикистон ном дошт.

Пешниҳод барои таъйину интихоби имомхатибони масоҷид, назорати фаъолияти масоҷид ва муассисаҳои таълимии назди онҳо, расидагӣ ба баҳсу масоили динӣ, содир кардани фатвои расмӣ, таъйини оғозу анҷоми моҳи Рамазон, Иди Қурбону Иди Рамазон ва бақия масоили динӣ дар салоҳияти ин ниҳод аст.
XS
SM
MD
LG