Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти булдозерҳои Роғун дар Узбакистон


Масъулони ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти Узбакистон ҳудуди 400 вагони Тоҷикистонро, ки ҳомили маводи сӯхт ва таҷҳизоти фаннӣ барои сохтмони Роғунанд, иҷозаи убур надодаанд.

Дар ин бора Андрей Тропин, масъули бахши боркашонии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тайи ду моҳи ахир ҷониби Узбакистон транзити қаторҳои Тоҷикистонро комилан манъ кардааст ва шумори вагонҳои манъшуда дар ҳудуди ин кишвар рӯз то рӯз меафзояд.

Ҷаноби Тропин гуфт, аксари вагонҳои бандшуда ҳомили маводи сӯхт ва трактору булдозерҳо барои сохтмони нерӯгоҳи Роғунанд.

Зарари моддии чунин иқдоми Узбакистон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 5 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Баъзе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар банд мондани қаторҳои маводи сӯхт дар айёми киштукори баҳорӣ ба бахши кишоварзӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Ҷониби Узбакистон сабаби манъи қаторҳоро ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳан ва банд будани қисмати роҳ дар минтақаи Талимарҷони Туркманистон рабт додааст.

Мушкили транзити қаторҳои боркаши Тоҷикистон тавассути хоки Узбакистон ахиран ба масъалаи доғи миёни ду кишвар табдил шудааст. Қаблан беш аз 1000 вагони молу маводи Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя боздошт шуда буд ва барои раҳо кардани онҳо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Тошканд муроҷиат кард.

Таҳлилгарон бурузи мушкилот дар ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистонро пайомади танишҳои Душанбеву Тошканд дар робита ба масоили об ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун медонанд.
XS
SM
MD
LG