Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клуби Порис қарзи Афғонистонро мебахшад


Гурӯҳи кишварҳои қарздиҳандаи маъруф ба “Клуби Порис” эълон кардааст, ки қарзи беш аз $1-миллиардии Афғонистонро мебахшад.

Ҳамин тавр яке аз нодортарин кишварҳои ҷаҳон Афғонистон имкони гирифтани нафаси тоза пайдо мекунад.

“Клуби Порис” гурӯҳи ғайрирасмиест, ки 19 кишвар бо иловаи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пулро дар бар мегирад. Ин гурӯҳ ҳар моҳ дар Порис гирдиҳам омада, мавзӯъҳои мубрами иқтисодӣ, назири пешниҳоди кумаки молӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушдро баррасӣ мекунад.

Моҳи марти соли 2009 Клуби Порис тахмин зада буд, ки қарзи хориҷии Афғонистон ба 2,1 миллиард доллар баробар аст ва нисфи ин қарзҳо ба кишварҳои аъзои клуб тааллуқ дорад.

Вазорати молияи Амрико гуфт, ки тасмими Клуби Порис комёбии бузурги Афғонистон ва марҳилаи муҳиме дар роҳи барқарории иқтисоди Афғонистон номидааст.

Вай афзуд, бо кумаки Амрико Кобул тавонистааст системаи молиёташро ба низом дарорад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, сармояҳоро, ки бояд барои пардохти қарзҳо сарф мекарданд, барои роҳандозии барномаҳои коҳиши фақр ва расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар равона хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG