Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳуввияти Наврӯз дар Тоҷикистон


Бархе аз уламои ислом иди Наврӯзро ҷашни “маҷусӣ” ё “оташпарастӣ” номида, таҷлили онро барои мардуми мусулмони Тоҷикистон раво намедонанд.

Онҳо мегӯянд, бештар аз 90 дар сади сокинони ин кишвар мусулмонанд ва таҷлили ин ҷашни, ба гуфтаи онҳо, “бегона” тибқи шариати ислом мамнӯъ аст. Ин гурӯҳи уламо ба ин боваранд, ки мардуми мусулмон ду рӯзи ид - яке Фитр ва дигаре Азҳоро доранд. Танҳо дар бархе аз манбаъҳои исломӣ рӯзи ҷумъа низ ба унвони рӯзи ид зикр ёфтааст.

Шӯрои уламо: “Наврӯз зарар надорад, агар…”

Маъруфулло Раҳимов, муовини раҳбари Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба барномаи “Оини мадоро”, Наврӯзро ба ҳич дину мазҳабе пайванд надонист. Вай ин ҷашнро оғози баҳор ва эътидоли рӯзу шаб номид ва гуфт, ки таҷлили Наврӯз ба ин шакл ба эътиқоди мусулмонон ихлоле ворид нахоҳад кард.

Вай афзуд, “баъде, ки ислом омад, масоиле, ки ба дини ислом зиддият надошт, зарар надошт боқӣ монданд ва он масоиле, ки ба ислом халал мерасонданд, аз миён рафтанд. Аз ҷумла, дар рӯзи наврӯз оташ гирондан, аз болои оташ паридан, то ин ки гуноҳҳояшон резад, оташро муқаддас шуморидан то имрӯз аз байн рафтаанд. Феълан Наврӯз дар шакли ҳимоят аз камбизоатон, рӯзи хушӣ ва аввали баҳор дар миёни мардуми мусулмон боқӣ мондааст”.

Аммо оқои Раҳимов гуфт, сокинони мусулмони Тоҷикистон ҳангоми таҷлил аз ин ид бояд аз амалҳое парҳез кунанд, ки шариати ислом барояшон мамнӯъ донистааст: “Аз ҷумла, аз нӯшидани шароб, аз баҳамоии зану мард, ки боиси фитна мешавад ва ҳар амали дигари ғайришаръӣ”.

“Наврӯз ҷашни миллӣ, ислом ақида”

Уламои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар ин бора борҳо изҳори назар кардаанд. Зоҳиран онҳо низ бо таҷлили Наврӯз дар миёни мусулмонони Тоҷикистон мухолиф нестанд. Сайид Иброҳими Назар, аз масъулони ин ҳизб, миёни фарҳанги мардуми тоҷику араб ва фарҳанги исломӣ фарқ мегузорад ва исломро дигар медонаду Наврӯзро дигар.

Вай мегӯяд, “мо бояд фарқ гузорем миёни одатҳои мардуми араб ва ислом, одатҳои мардуми форс ва мусулмонӣ. Ман ҳамчун тоҷик агар бихоҳам, ки ҳама одати худро ба номи ислом таҳмил кунам ва агар араб низ ҳамчунин хоҳад, ин ғайриимкон аст. Бинобар ин, ислом дигар асту араб будан ё тоҷик будан дигар аст. Мо ҳар кадом мардуми арабу тоҷик ҷашнҳои миллии худро дорем. Пас, намешавад, аз ин мавзӯъ ҳарф зад, ки Наврӯз бо ислом мухолифат дорад ё не. Ин ҷашни миллӣ аст, ислом ақида”.

“Наврӯз иди ғайримусулмонӣ”

Дар Тоҷикистон дар баробари онҳое, ки аз Наврӯз истиқбол мекунанд ва таҷлили онро бидъат ё гуноҳ намеҳисобанд, гурӯҳе ҳастанд, ки таҷлили ин рӯзро қабул надоранд ва мегӯянд, “Наврӯз иди мусулмонон нест”. Агар дар ҳафт соли пеш чунин садоҳо камтар шунида мешуд, ҳоло теъдоди соҳибони чунин садоҳо бамаротиб афзудааст.

Аксарият чунин мавқеъгириҳои гурӯҳе аз сокинонро ба исломитар шудани сокинони Тоҷикистон нисбат медиҳанд, ки дар чанд соли ахир ба омӯзиши дини ислом машғул шудаанд ё ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Коршиносон мегӯянд, бист соли охир давраи эҳёи ислом дар Тоҷикистон буд ва табъан чунин эҳё наметавонист бидуни тундравиҳои муайян ба вуқӯъ пайвандад.

Аброр, як сокини ҷавони Душанбе, иди Наврӯзро ҷашни мусулмонон намедонад ва мегӯяд, онҳо дар хонаи худ аз ин ид истиқбол намекунанд ва дастархони идона ҳам намеороянд. Вай мегӯяд, фақат аз ду ид таҷлил мекунанд, ки барояшон савоб доштааст.

Фатвоҳо дар бораи Наврӯз

Ҳамчунин, уламое ҳастанд, ки бо такя ба манобеъи исломӣ таҷлили ҷашни Наврӯзро барои мардуми мусулмон ҷоиз намешуморанд. Масалан, Ибни Наҷими Ҳанафӣ дар китоби “Баҳрурроиқ” таҷлили идҳои мушрикин ва ҳамчунин муқаддас донистани иди Наврӯзро ба куфр баробар донистааст.

Домулло Фирдавс, аз коршиносони доимии барномаи “Оини мадоро”, низ мегӯяд, аксари фақеҳон ва уламои ислом дар таълифоти худ аз ин ид ба хушӣ истиқбол накардаанд: “Дар китоби “Маҳмудулфатово”, фатвои мазҳаби Амом Абӯҳанифа, ҷилди 4, саҳифаи 308 омадааст, бинобар аз тавзеҳот дониста мешавад, ки иди Наврӯз ва идҳои Меҳргон ва сенздаҳ бадр идҳои бостонӣ ҳастанд ва аз идҳои мусулмонон нестанд. Худованд ба мусулмонон ба ивази ин идҳо ду иди бузурги исломиро ҳадя дод”.

Назари мухолифони Наврӯз

Чанде аз донишманди муосири исломӣ низ дар вебсайтҳои мухталиф фатво додаанд ва таъкид кардаанд, ки таҷлили Наврӯз ба боварҳои мусулмонон муносиб нест ва эътиқоди онҳоро халалдор мекунад.

Имом Раббонӣ, яке аз донишмандони ислом дар сайти “Ислам.ру” гуфтааст, “бояд мусулмонон аз таҷлили идҳое мисли иди Наврӯзи маҷусон ва Соли нави масеҳӣ, ки аз дини ислом нест, худдорӣ варзанд”. Дар зимн, ҳанӯз чанде пеш аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар Бошқирдистони Русия китобе бо номи “Праздник Навруз и исламская доктрина” ба нашр расид, ки дар он фақеҳе бо номи Абдуллоҳ Ализода низ ин идро ба мусулмонон ҳаром номидааст ва таҷлили онро барои мусулмонони Русия қатъиян манъ кардааст.

Рӯзи панҷшанбе дар поёни ҷамъомади уламои исломии афғон дар шаҳри Кобул қатъномае ба тасвиб расид, ки ба мусулмонон худдорӣ аз таҷлили Наврӯзро машварат медиҳад. Ба гуфтаи онҳо ин ҷашни зардуштӣ ба мусулмонон ҳеҷ рабте надорад.Вале тавре ба назар мерасад, сокинони Кобул ба ин дархости муллоҳо таваҷҷӯҳ нишон надода, бо сару садои зиёд фарорасии соли навро ҷашн мегиранд.

Дар Тоҷикистон як гурӯҳи рӯҳониён мавқеъ ва назари худро дар ин бора дар сӯҳбатҳои ҷудогона изҳор доштаанд, ки ин ҳама натавонистааст ба баҳси наврӯзу ислом нуқта гузорад.

Як саҳифаи таърих

Вале бар хилофи ин ақидаҳо, донишманди тоҷик Зафари Мирзоён мегӯяд, вақти он расидааст, ки тоҷикон аз ин ҷашн ба ифтихор ёд кунанд ва номи бунёнгузори ин ҷашн Ҷамшедро низ бо ифтихор ба забон оранд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷашн як сафҳаи таърихи форсизабонҳост ва дар миллионҳо манбаъ навишта шудаву дар ёди миллионҳо нафар нақш бастааст, ки онро намешавад ба ин осонӣ кӯр кард.

Назари аҳли ташаюъ

Аммо аҳли ташаюъ дар бораи Наврӯз ва таҷлили он миёни мусулмонон назари мусбат додаанд. Масалан, дар баъзе китобҳои динии аҳли ташаюъ омадааст, ки “Ҳазрати Алӣ фармуд: “Наврӯзи мо ҳар рӯз аст”. Дар ҷои дигар омадааст: “Дар иди Наврӯз ҳадяе хидмати ҳазрати Алӣ оварданд, ҳазрат пурсид: Ин чист? Гуфтанд: Имрӯз Наврӯз аст. Ҳазрати Алӣ фармуд: “Ҳар рӯзатонро Наврӯз кунед”.

Ҳамчунин бархе аз ин китобҳо ба нақли қавл аз Имом Ҷаъфари Содиқ дар одоби ин рӯз менависанд: “Чун Наврӯз фаро расад, бадани худро бишӯй ва покизатарин либосҳоятро бипӯш ва бо хушбӯтарин атрҳо худатро хушбӯ кун”.

Амруллоҳи Низом, аз таҳлилгарони умури мазҳабӣ, мегӯяд, бештарини ҷонибдорони ин ақида эрониён ҳастанд, ки Наврӯзро ҷузъи фарҳанги худ медонанд ва дар баробари итоат аз шариати ислом фарҳанги миллии худро низ пос медоранд: “Онҳо мегӯянд, зинда кардани арзишҳо ё пос доштани арзишҳо зараре ба эътиқодот надорад. Ба ин далел, Наврӯзро ба дараҷаи ифрот мерасонанду таҷлил мекунанд. Аммо кишварҳои арабӣ ва онҳое, ки аҳли тасаннун ҳастанду дар ақида худро устувортар мешиносанд, Наврӯзро то ҷое бидъат ва гуноҳ меҳисобанд”.

Наврӯз ва ислом: 2 дар 1

Аммо дар баробари ин ҳама пайравони ин ақида, ки Наврӯз бо суннатҳои мардуми мусулмон омезиш ёфтааст, низ дар Тоҷикистон кам нестанд. Онҳо мегӯянд, дар тӯли бештар аз 1 ҳазор соле, ки тоҷикон аз ислом пайравӣ мекунанд, баъзе аз суннатҳои исломро ба Наврӯз ва баъзе аз сунатҳои қадимаи миллиро ба ислом ворид кардаанд.

Дар ин бора Зафари Мирзоён мегӯяд: “Гарчанде ки мо аз ислом бисёр чизҳоро пазируфтем, дар исломи аъроб низ ислоҳот ворид кардем. Дар рӯзи идҳои Қурбону Рамазон, ки тифлон хона ба хона мегарданду калонсолон барои онҳо тӯҳфа ё тухм медиҳанд, ин аз ҷашнгирии Наврӯз расм шудааст, на ин ки аз ислом ба мо омадааст. Мардуми мусулмон ин суннатро аз Наврӯз гирифтаанд. Дигар ин ки дар рӯзи Наврӯз ояи Қуръон мехонанд ва вақте ки деҳкон ба кишту кор шурӯъ мекунад, аз пирон дуо мегирад. Ин аз ислом гирифта шудааст. Бо ин вуҷуд бисёр аз мутаассибини динро медонем, ки Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ эътироф намекунанд. Дар Тоҷикистон ашхоси диние ҳастанд, ки мегӯянд, Наврӯз ҷашни мункирони дини ислом аст”.

Наврӯзи Тоҷикистон

Иди Наврӯз яке аз идҳои ба истилоҳ кӯҳансол аст, ки ба гуфтаи таърихнигорон шояд умри бештар аз шаш ҳазорсола дорад. Ин ид дар рӯзи 20-уми март фаро мерасад ва дар ҳамаи кишварҳои форсизабон - Эрону Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин кишварҳо минтақаи Осиёи Марказӣ - Узбакистону Қирғизистону Қазоқистону Туркманистон ва ҳамчунин кишварҳои Озарбойҷону Туркия ҳам таҷлил мешавад.

Давлати Тоҷикистон пас аз касби истиқлол ба Наврӯз ба унвони ҷашни миллӣ мақоми хосе дод ва бо вуҷуди баъзе ихтилофи назарҳои рӯҳониён ҳамасола аз он ба таври густарда таҷлил мешавад. Тоҷикон дар ин рӯз хони ҳафт син ва ҳафт шин мегустаранд, суманак мепазанд, ба аспдавонию бузкашӣ ва гӯштигирӣ машғул мешаванд.

Албатта, бисёре аз оинҳо ва маросими наврӯзӣ дар Тоҷикистон дар тӯли асрҳо аз миён рафтаанд, вале мардум дар рӯзхои Наврӯз бо чеҳраҳои шод ва либосҳои нав ба кӯчаҳо мебароянд ва хурсандӣ мекунанд. Аммо то замони истиқлол дар Тоҷикистон ба Наврӯз ҳамчун ба як иди мазҳабӣ менигаристанд ва аз таҷлили он ҷилавгирӣ мекарданд ё дар роҳи таҷлили он маҳдудиятҳо эҷод мекарданд.

Наврӯз ва Баҳоиҳои Тоҷикистон

Дар баробари сокинони мусулмони Тоҷикистон гурӯҳи баҳоиҳои ин кившар низ аз Наврӯз ҷашн мегиранд. Фирӯза Шамсиева, муншии маҳфили рӯҳониёни баҳоӣ дар Душанбе, Наврӯзро соли нави баҳоиҳо донист ва гуфт, ки тибқи таълимоти Ҳазрати Баҳоуллоҳ ин соли нави баҳоиён ба шумор меояд. Онҳо низ гирди як хони сернозу неъмат ҷамъ меоянд ва рӯзи навро ҷашн мегиранд.

Хонум Шамсиева мегӯяд, дар ин рӯз баҳоиҳо соли навро барои ҳам табрик мегӯянд ва хостори накӯиҳо барои ҳамдигар мешаванд. Вай гуфт, ин ҷашн барои баҳоиҳо ҷашни хосу муҳим аст ва дар ин рӯз онҳо аксаран рақсу бозӣ ва хурсандӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG