Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Оқилов озими Амрико шуд


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов субҳи имрӯз барои ширкат дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба масоили об озими Амрико шуд.

Дар нишасти СММ, ки қарор аст фардо 22-уми март дар шаҳри Ню Йорк баргузор шавад, сарони кишварҳо ва раҳбарони ҳукуматҳо мавзӯи захоири об ва амаҳияти он барои рушди кишварҳо ва ҳамчунин масоили ҳифзи муҳити зист ва рафъи камбизоатӣ дар ҷаҳонро ба баррасӣ хоҳанд кашид.

Сарвазири Тоҷикистон дар чорчӯби сафар дар нишасти умуми СММ ва як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла 3 мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Об ва татбиқи мақсадҳои рушди ҳазорсолаи СММ», «Таъсири тағйири иқлим ба захоири об» ва «Об ва ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ» ширкат хоҳад кард.

Соли 2009 Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро дар бораи барномаи даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои ҳаёт» қабул карда буд, ки тибқи он, моҳи июни 2010 дар шаҳри Душанбе як конфронси байналмилалие роҷеъ ба ин мавзӯъ баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, аввоили моҳи апрел дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз Тоҷикистон дидан кунад ва дар сафари якрӯзааш ҳамзамон бо баррасии масоили ҳамкориҳо бо Тоҷикистон масъалаи баргузории ин конфронси байналмилалӣ таҳти сарпарастии СММ-ро матраҳ созад.

Баррасии мушкили муҳосираи иқтисодӣ

Манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки сарвазир Оқил Оқилов дар нишасти Созмони Милал дар баробари масоили об, ҳамчунин мушкили муҳосираи иқтисодии эълоннашуда аз ҷониби Узбакистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ин қадами аввалини Тоҷикистон дар баррасии ин масъала дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ хоҳад буд.

Ахиран мақомоти Узбакистон садҳо қатори ҳомили колоҳои мухталифи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро иҷозаи убур аз марзи худ надодаанд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ зарар овардааст.

Аз сӯи дигар минагузории сарҳад бо Тоҷикистон ва эҷоди монеа дар интиқоли газу барқ аз кишварҳои ҳамсояро баъзеи таҳлилгарон ҳамчун муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон унвон мекунанд.

Тоҷикистон мақсад дорад, ки ин мушкилро дар сатҳи Шӯрои амнияти СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин дар саммити қарибулвуқӯи Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки дар Тошканд баргузор хоҳад шуд, баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG