Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами наврӯз ба бозори Панҷшанбе


Дар ду рӯз қабл аз ҷашни Наврӯз бозори Панҷшанбеи Хуҷанд аз одамоне, ки барои харид ба дастархони наврӯзӣ омада буданд, ба қавле, меҷӯшид. Суманак ва сабзаҳои наврустаи баҳорӣ ва меваю сабзавот харидори бештар дошт.

Холаи Бибигул, ки назди даромадҳои бозор суманак мефурухт, ба Озодӣ гуфт, имрӯзҳо талабот ба ин ғизои наврӯзӣ зиёд аст, чунки кам касони шаҳрнишин шароити худ дар давоми як шабонарӯз омода кардани онро доранд: «Як зарф суманаке, ки мебинед, 3 сомонӣ аст. Аммо арзон ҳам медиҳам, чунки рӯзҳои ид аст, одамон хурсанд шаванд, охир ҳама пули бисёр надоранд.»

Мусоҳиби дигарам, як хонуми миёнсол, ки дар даст халтаҳои харид дошт, гуфт, шириниву сабзаву мева харидааст: «Барои дастархони идона самбусаҳои алафӣ, кадугин мепазем. Албатта, шаби ид оши палав ҳам тайёр мекунем.»

Аммо як бонуи дигар гуфт, фарзандонаш харидани мева дархост кардаанд, аммо нархи он дар бозор баланд, як кило себи кабуди маҳаллӣ - аз 3 то 5 сомонӣ.

Фурӯши гулу ниҳол дар саҳни Панҷшанбе ҳам қабл аз Наврӯз равнақе дошт. Як марди миёнсол ду бех ниҳоли гули сурх ва атргулро ба 2.5 сомонӣ савдо кард ва мегуфт, онҳоро дар арафаи Наврӯз дар ҳавлии манзилаш кӯчат мекунад. Як фурӯшандаи панҷакентӣ, ки себҳои сурху кабуди серхаридори ин маҳалро ба маърази фурӯш мегузошт, гуфт, имрӯз савдояш тез аст: «Шукр, мардум пул дорад, ки мехаранд. Рӯзҳои ҷашни Наврӯз савдо аз ин ҳам тезтар мешавад.»

Бозор аз ҳазор навъи ғизову меваю сабзавот пур буд, харидорон ҳам аз он кам набуданд, аммо ба назар мерасид, ки бисёр одамон аз бозор бо хариди кам, дар дастҳояшон як ё ду халтаи хурд бармегаштанд.

Дар канор, байни бозори Панҷшанбеву Масҷиди Шайх Муслиҳиддин мусафедеро дидам, ки наздаш матое паҳн карда, бо чашмони пурумед ба раҳгузарон менигарист. Вай гуфт, ки вайро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо номи Фурқат - домулло ҳама мешиносанд. Ба гуфтаи бобои Фурқат, ягона писарфарзанди омузишгоҳи мусиқиро хатмкардааш ба Русия барои мардикорӣ рафта, ахиран аз ноомади кор маблағ намефиристад. Мӯсафед рӯзи ҷумъа, ки намозгузорон барои хондани намози ҷумъа ва охирин рӯзи кории ҳафта ба бозоркунӣ меоянд, ба умеди пайдо кардани маблағ барои наберааш ба ҳамин ҷои таҷаммӯи мардум омадааст.

Аксари сокинони оддӣ, ки аз бозор бармегаштанд, нон, сабза, каме ширинию мева ва албатта, масолеҳ барои як оши палав хариди асосии наврӯзии онҳо будааст. Дар Хуҷанд расм аст, ки дар ҳар ид дар хона оши палав пазанд ва шоми рӯзи Наврӯз ҳамсояҳо ба ҳамдигар ош мефиристанд.


XS
SM
MD
LG