Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Клинтон ва Лавров


Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров гуфтаанд, ки Вошингтону Маскав ба марҳилаи такмили аҳдномаи нави коҳиши силоҳҳои стротегӣ бисёр наздик шудаанд.

Аммо ихтилофи назари ду тараф дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ҳамчунон боқӣ мондааст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар нишасти матбуотӣ бо Ҳиллари Клинтон гуфт, ҷонибҳои музокиракунанда таҳияи аҳдномаи нав дар бораи коҳиши силоҳҳои атомиро тақрибан ба итмом расондаанд.

Мӯҳлати эътибори созишномаи қаблӣ миёни ду кишвар соли гузашта ба поён расида буд. Хонум Клинтон низ чунин хушбиние баён кард ва гуфт, ки музокиракунандагон дар Женева ба пешравиҳои чашмрас ноил шуданд. Ӯ изофа намуд, ки тарафайн дар наздиктарин фурсат ба аҳдномаи ниҳоӣ хоҳанд расид: “Мо ба баррасии макон ва замони имзои аҳдномаи коҳиши силоҳҳои стротежӣ аз ҷониби президентҳоямон шурӯъ кардем. Аммо намехоҳем саросема бошем”.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама созишномаи нав дар мавриди аслиҳаи атомиро аз марҳилаҳои муҳими сиёсати азсаргирии робитаҳои кишвараш бо Маскав эълом карда буд.

Тобистони гузашта, зимни сафари Обама ба Маскав, ду кишвар тааҳуд карданд, ки шумораи кулоҳакҳои атомиашонро аз 1500 ва 1675 адад коҳиш хоҳанд дод. Ҳарду ҷониб хостори имзои ҳарчӣ зудтари ин аҳднома шуданд, аммо гуфтушунид бо сабаби шумориши кулоҳакҳо ва нақшаҳои истиқрори системаи зидди мушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ бо бумбаст рубару шуд.

Хонум Клинтон дар нишасти аъзои Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна – Иттиҳодияи Аврупо, Русия, СММ ва Амрико, таҳаввулоти ахир дар раванди сулҳи минтақаро баррасӣ мекунад.

Лавров гуфтааст, ки Амрико дигар душмани Русия нест аммо ҳанӯз ҳам ба дӯст табдил наёфтааст. Вай афзудааст, ки миёни Обама ва Медведев робитаҳои боваринок барқарор шудааст. Алорағми беҳбуди авзоъ ва пешравӣ дар самти аҳдномаи силоҳҳои стротежӣ, миёни Вошингтону Маскав дар мавриди кушишҳои эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон ихтилофоти назар боқӣ мемонад.

Баёнияи Путин ва интиқоди Клинтон аз он

Нахуствазири Русия Владимир Путин, дирӯз эълон намуд, ки дар миёнаи соли 2010 реактори атомии нерӯгоҳи Бушнри Эрон, ки тавассути мутахассисони русӣ эҳдос мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Хонум Клинтон ин эъломияро танқид карда ва гуфт, ки бидуни собитшудани наҳваи сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон аз ҷониби Теҳрон ин гоми нобаҳангом хоҳад буд.

Амрико иддаъо дорад, ки Теҳрон зери пӯшиши барномаи ҳастаӣ мехоҳад ба тавлиди силоҳи атомӣ даст ёбад.

Лавров дар посух гуфт, ки нерӯгоҳи Бушер мояи аслии ҳузури Оҷонси нерӯи ҳастаии СММ дар Эрон мебошад.
Русия ошкоро гуфтааст, ки намехоҳад Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад ва замони эъмоли таҳримҳо бо суръат фаро мерасад.

Клинтон эълом намуд, ки тоқати Вошингтон намондааст ва Амрико мехоҳад ин мушкил ҳар чи зудтар роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG