Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Маскав хотима меёбад


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз боздидаш аз Московро бо мулоқот бо Владимир Путин – нахуствазири Русия, анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ, паймони нави коҳиши силоҳҳои атомӣ миёни ду кишвар хоҳад буд, ки ба гуфтаи хонум Клинтон ба зудӣ имзо мешавад. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маскав қарор дорад, аз Амрикову Русия хост, “ҳарчӣ зудтар” паймони мазкурро имзо намоянд. Ҳилларӣ Клинтон ва Бан Ги Мун дар ҷаласаи гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна ширкат хоҳанд кард, ки ба ин гурӯҳ, Созмони Милал, Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Русия шомиланд.
XS
SM
MD
LG