Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз озодии матбуот дар Қирғизистон


Созмони хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, дар остонаи панҷумин солгарди Инқилоби лолаии Қирғизистон, ки Асакр Оқоевро аз қудрат дур андохт, аз мавҷи тасаввурнопазири хушунат бар зидди расонаҳои хабарии мухолифони қирғиз ба ҳарос афтодааст. Созмони хабарнигорони бидуни марз хотирнишон сохтааст, ки фаъолияти сафҳаҳои аслии интернетӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоии Озодӣ ба забони қирғизӣ дар ҳафтаи гузашта мунтазам қатъ мешуд. Шабакаҳои маҳаллӣ, ки маъмулан барномаҳои ин расонаҳоро дубора пахш мекарданд, 10-ӯми март баста шуданд. Аз 9-ӯми март ба ин сӯ дастрасӣ ба се сафҳаи интернетии хабаргузориҳои аслӣ, яъне ба Ferghana.ru, Centrasia.ru ва Paruskg.info қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG