Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатар ва зарари селобҳо дар ҷануби Қазоқистон


Дар ҷануби Қазоқистон баъд аз ҷорӣ шудани селобҳои шадид беш аз 2 000 нафар аз чанд деҳ ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд. Бино ба гузориши бахши қазоқии радиои Озодӣ, селоб дар ин деҳот хатҳои барқу телефонро хароб кардааст ва бими он меравад, ки пулҳоро низ хароб кунад. Селоб ба деҳоти Қизил Кесик, Қумкол, Кукжира ва Қарғиба наздик шудааст. Бахши вазорати умури изтирори минтақа эълон кардааст, дар 19 шаҳраку деҳот, ки аҳолии онҳо ба 20 000 нафар мерасад, хатар таҳдид мекунад. 17-ӯми март селоб обанбори деҳи Қараулро хароб кард.
XS
SM
MD
LG