Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби Бурвеҷи Ёгед


Шаби бурвеҷ яке аз суннатҳои қадимаи наврӯзист, ки мардуми маҳаллаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз то ба ҳол ҷашн мегиранд.

Ба гуфтаи фолклоршинос, Нисор Шакармамадов Наврӯзи Ёгед ҳафт рӯз таҷлил мешавад ва шаби бурвеҷ қуллаи баландтарини ин ҷашн, рамзи хайрбод бо соли рафта ва истиқболи соли нав, шаби баробаршавии шабу рӯз таҷлил мегардад.

Ба гуфтаи ин муҳаққиқ бурвеҷ вожаи суғдӣ аст ва бархе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки маънои гандум ва ё ҳосили фаровон ва ё шаби муқаддасро дорад. Ба андешаи муҳаққиқон шаби бурвеҷ ҷашни бостонии истиқболи соли нави наврӯзӣ аст ва дар оийни масеҳӣ шабеҳи ин суннат, бо номи шаби ялдо ёд мешавад, ки моҳи декабр ҷашн гирифта мешавад.

Сокини маҳаллаи Ёгед Рустами Содиқиён мегуяд, шаби бурвеҷ, ки одатан ба 20-уми март рост меояд, мардум либоси нав ба бар карда, гурӯҳ-гурӯҳ дар хонаи хешу табор ҷамъ мешаванд ва дастархони наврузи ороста то нимашаб базм меороянд.


Бо баробаршавии шабу рӯз дар нимашаб кулли сокинон ба майдон мерезанд ва гулхани наврузӣ афрӯхта дар гирди он давра мезананд ва то субҳ аз панду андарзи пирон, шеъру суруд баҳра мегиранд ва шодмонӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Рустами Содиқиён, ба истиқболи шаби бурвеҷ маросими тухмбарорӣ анҷом мешавад. Мардум ба ҳамдигар тухми мурғро, ки сафедии он рамзи покӣ, хушбахтӣ ва саодат дар курраи замин будааст, тақдим мекунанд.
Рӯзи дигари шаби бурвеҷ духтарон ордгирак мекунанд. Замира Назарова, як бонуи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ки ҳар яке аз онҳо ба хонаи хешу табор ва ё дугонаҳояшон бо нишони бахти сафед ва сафои рӯзгор косаи орд мебаранд ва анҷоми ин маросимро дар оғози соли нав, ки пешонии сол меноманд, фоли нек медонанд.

Вай баён дошт, ки тибқи ин маросим бонувон дар алоҳидагӣ дар хонае ҷамъ меоянд ва базми наврузӣ барпо мекунанд.

Субҳи рӯзи дигар, пас аз шаби бувеҷ мардум ба дашту даман ба сайр мебароянд ва гулчинӣ мекунанд. Дар ин рӯз ҳамчунин бозиҳои гуногун ва мусобиқоти варзишӣ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG