Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Туркманистон 7 санад имзо карданд


Тоҷикистон ва Туркманистон дар нахустин соатҳои боздиди дурӯзаи Қурбонгулӣ Бердимаҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон аз Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 7 санади ҳамкорӣ имзо карданд. 6 санади он ба ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва яке аз онҳо Эъломияи муштараки руасои ҷамоҳири ҳар ду кишвар мебошад. Раиси ҷумҳури Туркманистон субҳи имрӯз вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот аз ҷумла, масъалаи истифода аз захоири манобеи обии минтақа, ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ, энержӣ ва газ барасӣ шуд. Ҳар ду ҷониб баъд аз мулоқот таъкид карданд, ки роҷеъ ба масъалаҳои амниятӣ дар минтақа, аз ҷумла дар бораи субот дар Афғонистон, ақидаи ҳамсон доранд. Оқои Раҳмон гуфт, ки ҷониби Турманистон ва Тоҷикистон дар бораи сохтмони роҳҳои иртиботӣ, кашидани лулаи газ ва хати барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Афғонистон ҳамақида ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон ба Бердимуҳаммадов ордени "Исмоили Сомонӣ"-и дараҷаи аввал эъто кард. Боздиди раҳбари Туркманистон аз Тоҷикистон пагоҳ низ идома меёбад. Вай дар маросимҳои ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Данғара-зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG