Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати он-лайн бо Маликшо Неъматов


Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар шоми 17-уми март меҳмони дафтари Радиои Озодӣ шуд ва мустақим ба суолҳои хонандагони торнамои Озодӣ посух гуфт.

Ҳамчунин, дар як сӯҳбати мухтасари видеоӣ ҷаноби Неъматов ба чанд суол ҷавоб дод. Суоли нахустине, ки аз ӯ пурсида шуд, дар бораи Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисҷумҳур ва муовини Маликшо Неъматов дар Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон буд. Дар посух ба ин суол ҷаноби Неъматов гуфт, «Рустами Эмомалӣ дар замоне ба воя расидааст, ки падари арҷмандаш миллатро аз вартаи парешонию дармондагӣ раҳо бахшида, ба Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоишта фароҳам овардааст. Ӯ шоҳиди ҳамаи он сӯхтанҳо ва сохтанҳост.... Фаъолияти ӯ дар Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъиятӣ мебошад ва дар як муддати кӯтоҳ бо кӯмаку мусоидати Рустами Эмомалӣ аллакай корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Рустами Эмомалӣ аввали корашро бо аёдати иштирокчиёни ҶБВ шурӯъ карда, бо ҷалби сарпарастон ба 50 оилаи ветеранҳо маводи ғизоӣ кӯмак бурд.»

Malikshoh Nematov
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00



Дар посух ба суолҳо дар мавриди рушди соҳаи туризм ӯ гуфт, дар ҳамин рӯзҳое, ки суолҳо унвонии ӯ дар торнамои Озодӣ нашр мешуданд, дар як намоишгоҳи байнулмилалӣ дар Олмон буд ва талош мекард, то сайёҳони аврупоиро ба Тоҷикистон ҷалб бикунад.

ПОСУХҲОИ МАЛИКШО НЕЪМАТОВ БА СУОЛҲОИ ХОНАНДАГОН

Аз ҷумлаи суолҳое, ки аз Маликшоҳ Неъматов карда буданд, дар бораи он буд, ки чӣ гуна бо тахассуси шарқшиносӣ дар чанд ниҳоди варзишӣ фаъолият мекунад ва дар тӯли фаъолияташ ҳам чӣ дастовардҳое дар ин ниҳодҳо шудааст. Ӯ феҳрасти медалҳои ба дастовардаи варзишгарони тоҷикро ба хонандагон пешниҳод намуд:

НОМГЎЙ

НИШОНДОДҲО

соли 2006

соли 2007

соли 2008

соли 2009

1

Чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ

60

79

100

91

аз ҷумла: - мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ

41

58

75

64

- чемпионатҳо

19

21

25

27

2

Шумораи мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок карданд

26

40

52

61

3

Мусобиқаи байналмилалӣ

11

24

27

34

4

Шумораи чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат варзиданд

9

18

24

27

5

Шумораи иштирокчиён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ

204

468

544

694

6

Аз ҷумла занҳо

28

41

52

90

7

Теъдоди дастовардҳо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон, Европа, Осиё ва ИДМ

37 тилло

41 нуқра

48 биринҷ

ҷамъ:126 медал

56 тилло

48 нуқра

76 биринҷ

ҷамъ:180 медал

57 тилло

58 нуқра

102биринҷ

ҷамъ: 217

медал

61 тилло

84 нуқра

135 биринҷ

ҷамъ: 280

медал

XS
SM
MD
LG