Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густардаи "куртасурхҳо" дар Бангкок


Даҳҳо ҳазор эътирозгар аз саросари Таиланд имрӯз ба пойтахт, шаҳри Бангкок фурӯ рехтанд, то давлатро ба истеъфо дар зарфи 24 соат ва эълони интихоботи ҷадид маҷбур кунанд.
Тақрибан 100 000 аз тарафдорони Ҷабҳаи муттаҳида барои демократия ва алайҳи диктатура дар тан куртаҳои сурх бо талаби истеъфои кобинаи сарвазир Абҳист Веҷҷаҷива дар пойтахт гирди ҳам омадаанд.
Ин ҷунбиш, ки бо номи “ҷунбиши куртасурхҳо” низ маъруф аст, аз сарвазири собиқ Таксин Шинаватра пуштибонӣ мекунад. Шинаватра соли 2006 дар натиҷаи табаддулот аз қудрат барканор шуд ва тарки Таиланд кард.
XS
SM
MD
LG