Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси Корвон-бозор, "Пахтакор" ва дигарон


Тозатарин ҳайкал дар Узбакистон. “Vatanga Qasamyod” дар маркази Тошкант гузошта шудааст.
Тозатарин ҳайкал дар Узбакистон. “Vatanga Qasamyod” дар маркази Тошкант гузошта шудааст.

Баъзе аз сарватмандтарин афрод дар Ӯзбакистонро боздошт кардаанд ва сару садое ҳам доир ба иллатҳои боздошти онҳо дар ҷомеаи Ӯзбакистон зиёд аст.

Мудирони бонкҳо, моликони корхонаҳову дастаҳои футбол ва афроди сарватманди дигарро ҳам мақомоти Ӯзбакистон ба тавре ҳалқа гирифтаанд. Бино ба гузоришҳо, дар байни ин гирифторони бало, мудири як дастаи футболи лигаи олии Ӯзбакистон ҳаст, молики бузургтарин бозори чаканафурӯшӣ, раисони ширкатҳои хонасозӣ ва бонкҳо низ. Дигар аз тоҷирон ва ё шарикони афроди боздоштшуда аз Ӯзбакистон фирор кардаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки саркӯбии тоҷирон, аз суханронии Ислом Каримов дар моҳи декабри соли гузашта маншаъ мегирад. Ба гуфтаи як вебсайти маъруфи Ӯзбакистон, Юзметроном, раисҷумҳур гуфтааст, мақомот нобаробарии молиро таҳаммул нахоҳанд кард. Вебсайт аз қавли Каримов навиштааст, “Дар кишвар набояд ҳеҷ олигархе вуҷуд дошта бошад. Ҳар касе, ки инро то ҳол нафаҳмидааст, бояд инро дар хотир дошта бошад.”

Мақомоти Ӯзбакистон ин маъракаро як навъ мубориза алайҳи фасодкорӣ ҷилва медиҳанд, агарчанде дар ин кишвар нишон додани камбудиҳои ҷомеа чизи нодир аст. Аммо ба эътиқоди манобеъи дигар, назар ба ончӣ мақомот мегӯянд, чизи зиёде дар ҷараён аст. Матбуоти бастаи Ӯзбакистон доир ба ин ҳодиса чизи зиёде намегӯянд ва танҳо ба ҷиноятҳои молӣ ишора мекунанд, ки он гузоришҳои пароканда ҳам ҷузъиёте надоранд. Аммо як мақоми расмии ҳукуматӣ Ӯзбакистон бо шарти махфӣ мондани исмаш, таъйид кард, ки фаъолияти баъзе тоҷирони пешсафи кишвар таҳқиқ мешавад ва баъзеи дигар ҳам дастгир шудаанд. Аммо вай гуфт, танҳо унсурҳои ҷиноӣ ҳадаф гирифта шудаанд, на маҳфилҳои бонуфузи тиҷоратӣ.

Вебсайтҳои мустақил ба мисли uzmetronom.com, uznews.net, ва ferghana.ru, баъзе афроди дастгиршударо ном бурдаанд. Аз ҷумла, бино ба
“Дар кишвар набояд ҳеҷ олигархе вуҷуд дошта бошад. Ҳар касе, ки инро то ҳол нафаҳмидааст, бояд инро дар хотир дошта бошад.”
гузоришҳои ин вебсайтҳо, Дмитрий Лим, соҳиби Корвон Бозор, бузургтарин бозори чаканафурӯшии Ӯзбакистонро ҳамроҳ бо 50 корманди баландмақоми бозор дастгир кардаанд. Ҳамин гуна, Алик Нуриддинов, раиси корхонаи сементбарории Бекобод, Ботур Раҳимов, тоҷир ва соҳиби дастаи футболи “Пахтакор”-ро низ.

Бародари Ботур Раҳимов, Бахтиёр Раҳимов низ аз тарси боздошт, Ӯзбакистонро тарк кардааст. Ҳамчунин бино ба гузоришҳо, Муҳиддин Асомуддинов, соҳиби Алп-Ҷамол Бонк ва Раҷаббой Ҷумъаназаров, мудири корхонаи Қизилқумсемент ҳам аз Ӯзбакистон фирор кардаанд. Ду молики ширкати Zeromax, ки дар Швейтсария сабти ном шудааст, аз тарафи мақомоти Ӯзбакистон барои бозпурсӣ даъват шудаанд. Ширкати мазкур дар арсаи нафту газ кор мекунад.

Фарзияҳои фаровонеро доир ба ин ҳама дар расонаҳое метавон дид, ки доир ба Ӯзбакистон менависанд. Алексей Волосевич аз Фергана.ру мегӯяд, яке аз сабабҳо метавонад ин бошад, ки ҳукумат ба пул мӯҳтоҷ аст. Сергей Ежков, аз вебсайти uzmetronom.com, мегӯяд, мавҷи боздоштҳо метавонад танҳо оғози таҳқиқи амиқтаре бошад, ки ҳадафи он афроди боломақом аст.

Як фарзия ин аст, ки баъзе аз ширкатҳоро барои иртибот доштан бо Землихон Ҳайдаров, як чеҳраи пасипардагии Ӯзбакистон муттаҳам донистаанд, ки ӯ аз соли 1993 раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Ӯзбакистон ва як шахсияти бисёр бонуфузи сиёсӣ аст. Дигар фарзияро ба тиҷорати духтарони Ислом Каримов - Гулнора ва Лола иртибот медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, духтарони Каримов бо тавсиаи тиҷорати худ аз роҳи боздошту тарсонидани тоҷирон, монеаҳоеро аз байн мебаранд, то баъди сари Ислом Каримов низ афроди содиқ ба ин хонавода дар ҳукумат монанд.
XS
SM
MD
LG