Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори тавсеаи ҳамкорҳои Русияву Ҳинд шуд


Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, ҳоло вақти он расидааст, ки Русияву Ҳиндустон ба ҷуз аз бахши хариду фурӯши аслиҳа ҳамкориҳои худро дар бахшҳое аз қабили бахши энержӣ, бонкӣ ва иттилоъоти технологӣ густариш диҳанд. Нахуствазири Русия мехоҳад, ки тиҷорати ин ду кишвар, ки акнун 8 миллиард долларро ташкил медиҳад, то соли 2015 ба 20 миллиард доллар бирасад. Ҳиндустону Русия як қарордоди 10 миллион долларӣ имзо мекунанд. Ин қарордод бахши энержиро низ дар бар мегирад. Путин мегӯяд:

"Дар муқоиса бо реакторҳои дигар, ки дар дар ҷаҳон сохта шудаанд, реактори мо метавонад ба асобати мустақими як ҳавопаймои миёнапарвоз, ки чанд тон вазн дорад, тобовар бошад".

Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои дигари саноатро низ баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG