Пайвандҳои дастрасӣ

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Бишкек


Паҳлавони тоҷик Ҳусниддин Тошмуродов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии камарбандӣ дар шаҳри Бишкек медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин сабқати қитъавӣ, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, ҳудуди 80 нафар занону мардон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ба мисли Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва Ҳиндустон аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо қувваозмоӣ карданд.

Аз панҷ нафар аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо Ҳусниддин Тошмуродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг ҷои севумро касб карда, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Мирбек Қарабоеви қирғиз низ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Қилич Ҷумъаеви туркман ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Кеничбек Мокешеви қирғиз медали нуқра гирифт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG