Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайх Муҳаммад Сайид Тантовӣ даргузашт


Хабаргузории расмии Миср хабар дод, ки Шайх Тантовӣ зимни сафараш ба Арабистони Саудӣ, ки мехост дар як маросими динӣ сӯҳбат кунад, даргузаштааст.

Маҷмаъи Ал Азҳар, ки аз масҷид ва донишгоҳ иборат аст, таърихи беш аз 1000 сола дорад ва дар олами суннитабор бо эътибортарин ниҳоди мазҳабӣ ба шумор меравад.

Донишманди маъруфи ҷаҳони ислом Муҳаммад Cаид Тантовӣ, шайхи акбари Донишгоҳи Ал-Азҳар, дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, ширкат ва суханронӣ кард.

Муҳаммад Сайид Тантовӣ, ки 10 сол муфтии аъзами Миср буд, соли 1996 имоми аъзами масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи аъзами Донишгоҳи Ал-Азҳар таъйин шуд.

Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ дар моҳи октябри соли гузашта ба хотири ширкат дар анҷумани бахшида ба Соли Имоми Аъзам ба Тоҷикистон низ сафар карда буд.

Шайх Тантовӣ инчунин зимни ин сафар ба чанд суоли хабарнигори радиои Озодӣ низ посух дода буд, ки дубоар манзури шумо мешавад.


Мусоҳиба бо шаӣх Тантовӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
XS
SM
MD
LG