Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви таҳрими фурӯши фановариҳои интернетӣ ба Эрон


Амрико аз ин роҳ мехоҳад, то ба шаҳрвандони ин кишварҳо имкон бидиҳад, ки ба манобеъи мустақили иттилоъотӣ дастрасӣ пайдо намуда ва аз ин роҳ ҷомеаҳои худро ҳам бозтар кунанд.

Вазорати Хазонадории Амрико таҳримоти фурӯши фанновариҳои мухобиротӣ алайҳи Эрону Куба ва Судонро сабуктар кард, ки ба ширкатҳои Иёлоти Муттаҳида иҷоза медиҳад, хадамоти лозим барои иртиботи интернетиро ба он кишварҳо ироа кунанд. Воридоти фанновариҳои навини интернетӣ ба Эрону Куба ва Судон, дастрасии мардуми ин кишвар ба Интернетро осонтар карда ва имкон медиҳад, то онҳо имейл ё блог бинависанд, чат кунанд ва ё аксу видеҳоро бо ҳам бубинанд. Ҳукуматҳои Эрону Куба ва Судон Интернетро сензура мекунанд ва ғолибан ин корашонро идома хоҳанд дод.

Тасмими Амрико, албатта монеъи нашри иттилоъоти дасткоришуда намешавад ва қонунҳои назорати интернет дар он кишварҳоро тағйир нахоҳад дод. Аммо Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, рафъи баъзе аз маҳдудиятҳо, дарвозаи иттилоъот ба ҷомеаҳои саркӯбкунанда ба мисли Эронро боз хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд: “Дар иртибот ба озодии интернет, мо аз ҳаққи озодии баён ҳимоят мекунем ва ба ширкатҳое, ки мойиланд дар Эрон хадамоти интернетӣ пешниҳод намоянд, муҷаввиз додем ва ё дар ҳоли додани муҷаввиз ҳастем, то ки мардуми Эрон бо ҳам мукотиба кунанд, ва ба манобеъи дигари иттилоъот доир ба таҳаввулот дар дохили кишварашон дастрасӣ дошта бошанд”.

Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, Амрико умедвор аст, ин кори онҳо ба мардуми оддии Эрон интихоби бештаре хоҳад дод, то бо ҳар ҳилла муҳосираи иттилоъотии ҳукуматро бишкананд. Ва дигар ин ки кори маъмурони сензураи Эронро мушкилтар хоҳад кард, намегузоранд, то мардум афкору андеша ва иттилоъоти хешро паҳн кунанд. Дар ҳоли ҳозир баъзе аз хадамоти интернетӣ дар Эрон аз ҷумла имейли Гугл истифода мешавад. Аммо худи Гугл ва ширкатҳои дигари интернетӣ аз тарси нақзи қонунҳои Амрико, ки тиҷорат бо кишварҳои шомили он феҳрасти сиёҳро мамнӯъ кардааст, хадамоти дигари интернетии худро маҳдуд намудаанд.

Лағви таҳримот ба ширкатҳои Майкрософт ва Яҳу иҷоза медиҳад, то дар Эрону Судону Куба хадамоти мукотибаи мустақимро ба роҳ монанд, чизе ки пештар дар ин кишварҳо надоштанд. Баъд аз он ки эрониҳо дар рӯзҳои ноороми баъди интихоботи баҳсбарангези моҳи июн аз тариқи вебсайтҳои Твиттер ва Фейсбук тазоҳуроти мардумӣ ташкил дода ва ҷаҳони берунаро аз ҳодисаҳои кишвар аз тариқи Ю тюб огаҳ карданд, Амрико озодии Интернетро аз усулҳои бунёдии сиёсати хориҷии кишвар эълом кард. Моҳи гузашта дар остонаи таҷлили 31 умин солрӯзи Инқилоби Исломии Эрон, мақомоти расмӣ бо истифода аз абзорҳои мавҷуди фаннӣ дастрасии мардум ба имейлҳояшон дар вебсайти Гуглро мушкил карданд.

Билл Экискон – сухангӯи ширкати Гугл барои Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо аз тасмими вазорати хазонадории Иёлоти Муттаҳида истиқбол мекунад. Ӯ меӯяд: “Мо аз тасмими вазорати хазонадории Амрико истиқбол мекунем, зеро он иҷоза медиҳад, нармафзорҳои лозим ва хадамоти интернетӣ дар Эрон ва дигар кишварҳои дигар ироа шавад, ки озодии баён дар онҳо маҳдуд аст. Мо муддати тӯлонӣ ташвиқ мекардем, то абзори лозими мукотиба дар ихтиёри мардуми ин кишварҳо гузошта шавад, то онҳо тавонанд бо якдигар ва ҷаҳон иртибот дошта бошанд. Аз ин рӯ, ҳоло мо инро баррасӣ дорем, ки кадоме аз тавлидоти мухобиротии худро дар ин кишварҳо ироа карда метавонем. “

Билл Экиксон афзуд, ҳанӯз доир ба нармафзор ва фанновариҳое, ки Гугл метавонад, дар ихтиёри корбарони интернет дар Эрон қарор бидиҳад, сухан гуфтан барвақт аст. Аммо Роберт Бурстин – мудири бахши иртибототи ширкат дар як ҳамоиш доир ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Женева, ки бо мусоидати Гугл баргузор шуд, доир ба барномаҳо ва фаъолиятҳои ширкат дар ин самт ҳарф зад.

Дар ин ҳамоиш фаъолони ҳуқуқи башар доир ба шеваҳои нави маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет сӯҳбат карданд, ки ҳукуматҳои худкома аз он кор мегиранд. Ва ҳам дар бораи он ки чӣ гуна метавон аз муҳосираи иттилоъотӣ раҳо шуд. Роберт Бурстин мегӯяд: “Мо муҳандисоне дорем, ки бар изофаи кор сари абзори мавриди таваҷҷӯҳи ширкат ба ин масъала тавваҷӯҳ доранд ва вақти худро дареғ надошта сари он кор мекунанд. Аммо ин чизе аст, ман бинобар сабабҳои возеҳ доир ба он сӯҳбат кардан намехоҳам."

Роберт Бурстин сармоягузории Гугл барои тақвияти зербунёдҳои интернетиро ёдрас шуд. Аз ҷумла сармоягузорӣ барои нармафзори телефонӣ ва муҳимтар аз ҳама иҷрои як тарҳи моҳвораиро, ки имкон медиҳад, мардумии рустоҳои дурдасти кишварҳои дар ҳоли рушд дастрасии бештар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG