Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази тамрини зидди террори ИМА дар Ботканд?


Амрикову Қирғизистон, ба навиштаи ин манбаъ, дар ин замина ба тавофуқ расидаанд ва барои иҷрои ин тарҳ Қирғизистон аз Амрико панҷуним миллион доллар тақозо хоҳад кард.

Аммо сухангӯи вазорати дифои Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки дар мавриди таъсиси ин марказ мақомоти кишвараш бо ИМА ҳатто гуфтушунид анҷмо надодаанд. Сухангӯи вазорати дифоъ гуфт, иттилоъ дар бораи таъсиси ин марказ бофтаҳои нашрияи электронии «Eurasianet» мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Бишкек гуфт, ки бо дархости ҳукумати Қирғизистон барои таъсиси тамрингоҳи зиддитеррор панҷуним миллион доллар ихтисос додааст.

Тибқи хабарҳои расида Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин барои нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар шаҳраки Токмок, воқеъ дар 65 километрии Бишкек, пойгоҳи ҳарбӣ месозад. Гуфта мешавад, Амрико барои бунёди ин пойгоҳ нӯҳ миллион доллар харҷ хоҳад кард.

Моҳи августи соли гузашта президенти Русия ба Қирғизистон омад ва дар шаҳри Чулпонотаи ин кишвар бо ҳамтои қирғизи худ як меморандум ба имзо расонид. Ин меморандум тавсеаи ҳамкориҳои низомии миёни ин ду кишвар, аз ҷумла, таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар ҷануби Қирғизистонро мадди назар дошт. Бар асоси ин меморандум мебоист дар бораи вазъи ҳуқуқуии пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон як созишнома имзо мешуд. Ин дар ҳолест, ки мӯҳлати корбасти меморандум то 1 ноябри соли 2009 муқаррар шуда буд.

Александр Князев, коршиноси масоили минтақаии қирғиз, мегӯяд, ки таъсиси марквазҳои тамрини низомӣ бо кӯмакҳои молии ИМА дар Қирғизистон робитаҳои сардшудаи миёни Қирғизистону Русияро боз ҳам сардтар хоҳад кард.

Александр Князев иқдоми мақомоти Қирғизистонро дар ин маврид, як иқдоми бемасъулиятона дар панҷ соли ахир арзёбӣ мекунад.

Ин манбаъ афзуд, ки вале таъсиси пойгоҳҳои низомии Амрико дар ҳар минтақаи Қирғизистон амнияти Русияро ба ягон таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ намекунад.

Иддае аз коршиносони дигари масоили минтақавӣ мӯътақиданд, ки ИМА дар вилояти Ботканди Қирғизистон ба таъсиси як тамрингоҳи низомӣ иктифо нахоҳад кард. Ба гуфтаи онҳо, мушовирони амрикоӣ дар чаҳорчӯби мӯҳлати истиқрори худ ҳамчунин ба таълими низомиёни қирғиз низ машғул хоҳанд шуд, ки ҳузури низомиёни русӣ дар ин минтақаи кӯчаки Қирғизистонро имконнопазир месозад.

Ба гуфтаи коршиносон бо вуҷуди ҳамаи ин Қирғизистон эътимоди Русияро кайҳо аз даст додааст ва интизор меравад, ки равобити миёни ин кишварҳо беш аз пеш ба сардӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG