Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтар будан дар Тоҷикистон....


Мастона 17 сол дорад. Вақте синфи чаҳорро тамом кард, волидонаш ба сабаби мушкилоти молӣ ӯро аз мактаб гирифтанд. Ду хоҳари дигараш ҳам бо ин сабаб имрӯз ба қавле хонанишинанд. Ин ҳам хонаводае, ки на дар ягон рустои дурдаст, балки дар пойтахт ба сар мебарад.

Ин мушкил, яъне, бо сабабҳои мухталиф аз таҳсил дур кардани духтарон ва бармаҳал ба шавҳар додани онҳо, яке аз намунаҳои тавсеаёфтаи нақзи ҳуқуқи занон дар хонаводаҳои тоҷик ном бурда мешавад. Бар тибқи оморҳои расмӣ, соле қабл ҳудуди 30 дарсади духтарон аз таҳсил дар канор монданд. Ғолибан, дар навоҳии дурдасти кишвар баъд аз синфи панҷ ва ҳафт онҳо тарки мактаб мекунанд.

Хайриниссо Аҳмадова, корманди “Наҷоти кӯдакон”-и Бритониё, ки бо барномаи вижае дар самти ҷалби духтарон ба таҳсил кор мебарад, мегӯяд, ғолибан шароити бади молии оилаҳо яке аз омилҳои аслии дур мондани духтарон аз таҳсил мегардад ва аксаран хонаводаҳое, ки тавони соҳибмаълумот гардонидани фарзандонашонро надоранд, ба таҳсили писаронашон бартарӣ медиҳанд. Чун, ба ақидаи онҳо, духтар шавҳар кардаву, ба оилаи дигар меравад ва таҳсил барои ӯ чандон зарур нест. Хонум Аҳмадова чанд омили дигари аз таҳсил дур мондани духтаронро номбар мекунад, аз ҷумла он ки дар баъзе аз маҳалҳо ба хотире, ки духтар бояд ба мактаб бо сарулибоси муайяншуда, яъне куртаву домани аврупоӣ равад, аз таҳсил канор мемонад.

Гуфта мешавад, ғолибан ҳамин гурӯҳи духтароне, ки бо талаби волидон тарки таҳсил мекунанд, бармаҳал оиладор мешаванд ва синну соли ҷавону камтаҷрибагӣ, ба иддаои масъулини умури занон, дар тайи чанд соли ахир як сабаби аслии вайроншавии оилаҳо шудааст. Бинобар ин, чанде пеш бо пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар, синни издивоҷи духтарон аз 18 муайян шуд.

Шаҳло Раҷабова, ҳуқуқшиноси масоили занон, мегӯяд, аксаран ҳамин бесаводӣ ва ноогоҳии ҳуқуқии худи занон боис мешавад, то онҳо дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёде ру ба рӯ шуда, мавриди хушунату табъиз қарор бигиранд. Хонум Раҷабова бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мавориди аз ҳам рехтани оилаҳои ҷавон мегӯяд, дар чунин ҳол ҳам занон бори гарони зиндагиро танҳо ба дӯши худ гирифта, ҳақталабӣ намекунанд.

Дар Тоҷикистон лату кӯби занону ҳамсарон низ зиёд мушоҳида мешудааст, ки ба гуфтаи коршиносон, аз заъиф будани мавқеъи зан дар оила ва ҷомеа маншаъ мегирад. Шаҳло Раҷабова, ҳуқуқшиноси масоили занон, мегӯяд, як таҳқиқоти анҷомдодаи онҳо дар чанд деҳоти кишвар муайян кардааст, ки аксаран духтарону занони ҷавон дар хонаводаи шавҳар хушунат мебинанд, вале аксарият бо ин андеша, ки зиндагӣ бояд чунин бошад, ба ин ҳама сабр мекунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди талошҳои гендершиносон ва созмонҳои марбута дар самти баробарии зану мард ва коҳиши хушунат вазъ хеле кам тағйир кардааст. Раъно Бобоҷонова, коршиноси масоили гендерӣ мегӯяд, дар ҷомеа имрӯз табъиз нисбат ба ҷинси зан ҳанӯз то таваллуди онҳо сурат мегирад. Ӯ дар ин маврид таваллуди духтарро мисол медорад, ки на дар ҳама оилаҳо ба хушнудӣ пазиройӣ мешавад, балки дар бархе ҳолат зери фишор қарор гирифтани модарону вайроншавии оилаҳо ҳам сабаб мешавад.
XS
SM
MD
LG