Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи бунёди тамрингоҳи зидди террор дар Қирғизистон


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ба таъсиси як маркази тамрини зидди терроризм дар минтақаи Бодканди Қирғизистон кӯмак хоҳад кард. Намояндаи Сафорати Амрико дар Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи кӯмаки Амрико ба ин марказ 5,5 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин ба маблағи 9 миллион доллар барои нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар шаҳраки Токмок пойгоҳ месозад. Ин пойгоҳ вижаи нерӯҳои сарачин ва таъиноти махсуси Қирғизистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG