Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти алтернативӣ ба ҷаласаи ҳуқуқи башари СММ


Дар шаҳри Женева нишасти дурӯзаи дигарандешон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии саросари олам, бахшида ба арзёбии поймолшавии даҳшатбори ҳуқуқи башар шурӯъ шуд.

Дар ин нишаст дигарандешони кишварҳои мухталиф ва аз ҷумла Чин, Кореяи Шимолӣ, Афғонистон ва Эрон мавзӯъҳои аз назари Шӯрои СММ берун мондаро баҳс мекунанд.

Ташкилкунандагони ин ҷамъомади байналмилалӣ мегӯянд, онҳо рӯи масъалаҳое табодули назар хоҳанд кард, ки Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ аз баҳси он худдорӣ кардааст.

Дар рӯйхати меҳмонони ин нишаст номи хонум Робияи Қодир, раҳбари уйғуртаборони дар ғурбати Чин, собиқ вазири умури занон ва номзади курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон дар соли 2004-ум Масъуда Ҷалол ва дигар афроди шинохта ба чашм мехӯрад.

Хонум Ҷалол паёмашро ба рӯзи байналмилалии занон ҳаштуми март бахшида, дар бораи душвориҳои ҳамарӯзаи занони афғон ҳарф зад:
"Омили воқеие, ки маорифи занонро душвор мекунад, амнияти мактабу роҳҳои мебошад. Ҳаводиси зиёд ва мин ҷумла таҳдиди пошидани туршӣ ба рӯи духтарон ба қайд гирифта шудааст. Хуллас, падарону модарон сабаби зиёд доранд, ки аз таҳсили духтаронашон ҷилавгирӣ кунанд. Омили дигар ин аст, ки мактабҳо аз маҳалҳои зисти мардум дур қарор доранд. Дар мактабҳо ҳоҷатхонаи кофӣ нест. Камбуди муаллимаҳои зан ҳам возеҳ мушоҳида мешавад. Бар илова оилаҳо таҳсили духтаронро қадрдонӣ намекунанд."

Иштирокчиёни нишасти Ҳуқуқи башар, Таҳаммул ва Демократия фишори ҳукумати Чин рӯи ақаллияти тибетиҳо ва ва сензураи интернет дар ин кишварро мавриди баҳс қарор доданд. Янг Ҷианлӣ-фаъоли ҳуқуқи башари Чин, ки баъди эътирозҳои майдони Тянанмен дар соли 1989 муддатеро дар зиндон сипарӣ намудааст, гуфт, иродаи як миллиард нафар, яъне назорати интернетро наметавон то абад амалӣ намуд.

Ӯ мегӯяд: "Бидуни назорати интернет ҳукумати Чин нахоҳад тавонист, ки иродаи як миллиард нафарро назорат кунад. Бо наздикшавии он рӯз, бӯҳрони эътимод зуҳур намуда, мувозинати ба истилоҳ элиати чинӣ барҳам мехӯрад ва як миллиард шаҳрванди ин кишвар дарк мекунанд, ки аз ин ба баъд онҳо ғулом нестанд. Ин на инқилоби махмалӣ ва ё сабз, балки инқилоби кибернетӣ хоҳад буд."

Ҳомиёни ҳуқуқи башар арзёбии ҳаводиси Эронро ҳам мадди назар гирифтаанд. Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи 9-уми март Коспиён Мокон, номзади Нидо Оқо Султон аз минбари нишаст суханронӣ хоҳад кард. Хонуми Султон дар эътирозҳои баъди интихоботи президентии Эрон дар моҳи июни соли гузашта ба қатл расидааст. Номзади ӯ Мокон муддати кӯтоҳе дар зиндон буд ва ҳоло дар берун аз хоки Эрон ба сар мебарад.

Иштирокчиёни нишаст аз Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ интиқод намуданд, зеро ин ниҳод натавонистааст аз поймолшавии ҳуқуқ дар Чин, Эрон, Исроил ва Арабистони Саудӣ ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳошияи нишаст ба хусус дар рӯзи дуюми он ҳомиёни ҳуқуқи башар саъй мекунанд, бо фаъолони ҳуқуқи башар роҳҳои истифодаи интернет барои тарғибу ташвиқи ҳуқуқи башарро баҳс кунанд.
XS
SM
MD
LG