Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми СММ дар робита бо Рӯзи Байналмиллалии Занон


Бан Ки Мун-Дабири куллли СММ дар робита бо 8-ӯм март, Рӯзи Байналмиллалии Занон зери унвони "Ҳуқуқи баробар, имкони баробар: пешрафт барои ҳама" паём фиристодааст. Дар паём омадааст, баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имконоти занон барои иҷрои вазифаҳои саросарии ё глобалии СММ аҳамияти бунёдӣ дорад. Оқои Мун гуфтааст, то замоне, ки занону духтаронро фақру беадолатӣ дунбол мекунад, ҳамаи ҳадфҳои мо, яъне сулҳ, амният ва рушди устувор дар хатар боқӣ хоҳанд монд. Дар паём омадааст, бо вуҷуди пешрафтҳо дар бахши баробарии ҳуқуқи зану мард, то ҳол маргу мири модар дар ҷаҳон зиёд аст, ҳамаи занон имкони танзими оила ё ба нақша гирифтани онро надоранд. Дар кишварҳое, ки муноқиша идома дорад, таҷовузи ҷинсии занон аз масъалаҳои мушкил боқӣ мондааст. СММ мегӯяд, занон дар таъмини сулҳу амният нақши муҳим мебозанд ва ин созмон талош хоҳад кард, то дар таркиби нируҳои байналмиллалии посдори сулҳ дар ҷаҳон шумораи занон афзоиш ёбад. Дар паём гуфта мешавад, дар ояндаи наздик дар СММ сохтори наве ташкил хоҳад шуд, ки бо масъалаҳои гендерӣ дар ҷаҳон машғул хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG