Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Барак Обама аз интихоботи Ироқ


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ироқиҳое, ки дар баробари ҳамлаҳову бомбгузориҳои ошӯбгарон дар интихоботи парлумонӣ ширкат варзиданд, ситоиш кард.

Вай интихоботи рӯзи якшанберо фурсати сарнавиштсоз дар таърихи Ироқ номида, гуфт, “ин маъракаи сиёсӣ нишон дод, ки ояндаи Ироқ аз мардуми Ироқ аст. Садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар дар қитъаҳои овоздиҳӣ кор мекарданд ва ё ба ҳайси нозирон ба рафти раъйдиҳӣ назорат мебурданд. Аз номи мардуми Амрико ман мардуми Ироқро барои ҷасораташон дар бардоштани чунин гоми муҳим табрик мегӯям.”

Барак Обама афзуд, дар ҳоле ки мардуми Ироқ масъулияти идораи кишварро ба уҳдаи худ мегирад, Амрико ба расонидани ёрӣ ба ин кишвар идома хоҳад дод.

Барои таъмини амният дар рӯзи интихобот марзи Ироқ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто фурӯдгоҳи байналмилалии Бағдод баста буд. Аммо бо вуҷуди ин чораҳои бесобиқаи амниятӣ, бар асари ҳамлаҳои ошӯбгарон дар назди қитъаҳои интихоботӣ дасти кам 36 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Iraq Votes
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00


Ва ин дар ҳолест, ки вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки сатҳи ширкати интихобкунандагони ироқӣ ҳатто аз интизориҳои мутахассисон баландтар будааст.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот чанд рӯз баъд маълум хоҳад шуд. Баъд аз ба кор даромадани парлумони нав қонунгузорон нахуствазири кишварро интихоб мекунанд.

Аз замони оғози ҷанги Ироқ дар соли 2003 ин дуввумин интихоботи парлумонии ин кишвар аст. Ширкати зиёди интихобкунандагон ва сатҳи пасти хушунатҳоро таҳлилгарон ҳамчун омили калидии хориҷшавии тарҳрезишудаи нерӯуҳои Амрико арзёбӣ мекунанд.

Дар айни замон дар Ироқ дастикам 100 ҳазор сарбозу афсари амрикоӣ мустақаранд ва то 31-уми август шуморашон бояд то ба 50 ҳазор коҳиш ёбад. Вошингтон гуфтааст, ки мехоҳад то охири соли оянда тамоми нерӯҳояшро аз ин кишвари ҷангзада фаро хонад.
XS
SM
MD
LG