Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳони андешаҳои озоди ҷавонон


Чаҳор сол қабл бо ташаббуси як гурӯҳи хурди ҷавонон дар интернет саҳфаи наве боз шуд, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ беш аз 3000 ҷавони аз 15 то 30-солаи тоҷикро гирди ҳам оварда, ба таъсиси чаҳор оилаи ҷавон сабаб шавад.

Ин форум ё майдони баҳси ҷавонони тоҷик, аст ки ТаҷФорум ном дорад ва ба иштирокчиёни худ имкон медиҳад, то дар ҳар мавзӯи дилхоҳ ва паҳлуҳои мухталифи зиндагии хеш ибрози андеша кунанд. «Майдони баҳс» аз бахшҳои хеле зиёд, шурӯъ аз масъалаҳои сиёсии Тоҷикистон, то ба фарҳангу усули таҳияи ғизоҳои тоҷикӣ, дарёфти ҷойи кор, масъалаҳои иқтисодӣ, иттилоъи муфассал оид ба фанновариҳои муосир ва амсоли инҳо иборат буда, барои меҳмонон мавзӯъҳои зиёди қобили баҳсу мулоҳизаро пешниҳод мекунад.

Диловар, яке аз аввалин ширкатдорони Таҷфорум, мегӯяд, ба фарқи аксари форумҳои кишварҳои дигар, ки мавзӯъҳои соҳаи муайянро мавриди баҳс қарор медиҳанд, майдони баҳси онҳо фарохтар аст.

Сирри муваффақияти Таҷфорум ҳам дар ҷавон будани аудиторияи он аст, ки зимни ворид шудан ба он фарқкунанда будани афкори онҳо эҳсос мешавад. Ҷолибияти мавзӯъҳои майдони баҳс ҳам дар он аст, ки он аз ҷониби худи ҷавонон пешниҳод шуда, мавриди баҳс қарор мегирад. Ховар Раҷабов, маъмури шабакавии ТаҷФорум, мегӯяд, майдони баҳси онҳо боз аст ва ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар он андешаронӣ намуда, дигаронро ҳам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиву узбакӣ ба мубоҳиса даъват намояд. Ховар мегӯяд, рӯзҳои ахир мавзӯи Роғун хеле зиёд ба чашм мерасад, ки ҷавонон оид ба шаффофияти кори ҳукумат дар ин самт бештар баҳс мекунанд.

Таҷрибаи кишварҳое, ки мардумаш дар низоми диктаторӣ ба сар мебаранд ва меъёрҳои демократӣ танҳо зоҳиран риоя мешаванд, нишон додаанд, ки ширкатдорони чунин майдонҳои баҳси интернетӣ ба хотири андешаи озод доштан мавриди таъқибу фишор қарор мегиранд. Аз ин рӯ, одатан чунин майдонҳои баҳс дар дохили ҳостингҳои хориҷӣ созмон ёфта, ширкатдорон аз номҳои мустаор истифода мебаранд. Ховар мегӯяд, ТаҷФорум ба хотири риояи қонунҳои кишвар аз мубоҳисони сафҳа хоҳиш мекунад, ки зимни таҳлили мавзҳо ба шахсияти нафарони алоҳида нарасанд. Зеро, як дафъа ба хотири риоя нашудани ин меъёр онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди фишор қарор гирифтаанд.

Диловар, истифодабаранди ин саҳифа, меафзояд, ТаҷФорум дар баробари фароҳам овардани фазои озоди андешаронӣ, барои ба миён омадани робитаҳои нави дӯстӣ низ замина мегузорад. Вай мегӯяд, бо истифода аз ин минбар ширкатдорон барои ҳалли мушкилоти хусусии хеш, аз ҳамдигар кӯмаку машварат мехоҳанд.

Ҷавонони мутасаддӣ ТаҷФорумро аз ҳисоби маблағҳои худашон нигоҳ медоранд. Пеш бурдани фаъолияти ин майдони баҳс барои онҳо шуғли дӯстдоштааст, зеро, ба андешаи онҳо, фароҳам овардани имкони ибрози назар ба ҷавонон дар пешбурди ҷомеаву давлат сахт муҳим аст. Ҳарчанд баёни андеша ҳам метавонад масъалаеро ҳал накунад, аммо аз эҳтимол дур нест, ки нидои дили ҷавонон ба гӯши масъулин бирасаду, дар гирифтани тасмимҳои ҷиддӣ ва ё ҳалли мушкиле таъсир гузорад, мегӯянд аъзои ТаҷФорум.
XS
SM
MD
LG