Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз беморони сил ном набаред"


Зимни баргузории як ҳамоиш намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва тандурустии кишвар дар шаҳри Кӯлоб аз рӯзноманигорон даъват карданд, то ҳангоми иншои матлаб дар мавриди бемории сил номи маҳал ва беморонро ифшо накунанд.

Ҷамила Исмоилова, мутахассиси корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотии бемории сил дар барномаи “Ҳоуп” оид ба Осиёи Марказӣ, ки дар мавзӯъи “Инъикоси масоили пешгирӣ ва назорати бемории сил дар расонаҳои Тоҷикистон” сӯҳбат мекард, гуфт, таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи се кишвари Осиёи Миёна: Тоҷикистон, Туркманистон ва хеле зиёд дар Узбакистон ифшои исми беморони сил доғе ба шахсияту маҳалли онҳо ба бор овардааст. Хонум Ҷамила мегӯяд, то баланд шудани сатҳи маърифати мардум рӯзноманигорон дар навиштори хеш бояд аз ифшои исми ин гуна беморон худдорӣ кунанд.

Дар тақвияти гуфтаҳои ин хонум, Аҳмадхон Олимов, директори маркази мубориза зидди сили шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, воқеан дар таҷрибаи кории онҳо афроди зиёди мубтало ба бемории сил танҳо ба хотири иснод наовардан ба номи хеш аз табобат дар беморхона сарпечӣ кардааст.

Аммо Сафаралӣ Мирзоев, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, онҳо ҳамеша дар инъикоси мавзӯи бемории сил мушкил доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, пизишкони маҳаллӣ кам маврид сари ин беморӣ бо онҳо мусоҳиб шуда, далелу арқоми гирифторони беморӣ ва роҳҳои пешгирии онро ба онҳо мефаҳмонанд.

Мираҳмад Сайдамадов, директори маркази ташаккули тарзи ҳайёти солими шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, дар мавриди беморон рӯзноманигорон ба тарзе сӯҳбати онҳоро истифода мекунанд, ки дар дили маризоне, ки то ба ҳол ба пизишкон муроҷиат накардаанд, шубҳа пайдо мешавад ва онҳо аз ифшои маризии худ назди пизишкон худдорӣ мекунанд.

Ҳамин маврид, як сокини деҳаи Учқуни ноҳияи Восеъ бо нагуфтани ном аз матбуоти даврӣ ва рӯзноманигорон шиква кард, ки номи деҳаи онҳоро доғдор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ҳоло аксари мардуми ин деҳа аз сил шифо ёфта бошад ҳам, аммо то ҳанӯз мардуми дигар манотиқ ба сокинони деҳаи онҳо бо назари дигар менигаранд.

Дар ин ҳамоиш ҷаноби Олимов дар поёни сӯҳбати худ гуфт, бо мушкилоти зиёд онҳо ба ҳолати рӯҳии гирифторони сил таъсир расонида, онҳоро ба табобат ҷалб мекунанд.

Феълан, тибқи иттилои расмӣ дар минтақаи Кӯлоб наздики ду ҳазор нафар гирифтори бемории сил сабти ном шудааст. Ва аксаран чанд деҳаи навоҳии Восеъ ва Ҳамадонӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун деҳоти силзада муаррифӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG