Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владислав Ардзинба аз олам даргузашт.


Владислав Ардзинба, нахустин раиси ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон, баъди бемории тулонӣ дар синии 65-солагӣ дар олам даргузашт. Хонуми ӯ Светлана ба хабаргузориҳо гуфт, ки Ардзинба чанд рӯз қабл аз Сухумӣ ба Маскав интиқол ёфта буд ва субҳи рӯзи панҷшанбе дар Бемористони марказии клиникӣ ҷон дод.
Владислав Ардзинба соли 1994 нахустин раисиҷумҳурии Абхозистон интихоб шуда буд ва то соли 2005 раҳбарии ин минтақаи ҷудоихоҳро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG