Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҲНИТ дар сурати адами расидагӣ ба шикоёт


Дирӯз Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ дар шаҳри Душанбе дар ҳузури тақрибан 600 нафар ҷонибдоронаш гуфт, ки ба нишонаи эътироз ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ ҳизбаш аз Шӯрои ҷамъиятии ҳизбҳо ва ҷунбишҳои Тоҷикистон хориҷ хоҳад шуд. Вай афзуд:

"Якчанд иқдоми эҳтимолии ҷиддитари дигаре ҳам дар назар дорем, мисли талаби раҳпаймоӣ ва ҳатто муайян кардани муносибатамон барои ширкат кардан дар порламон ё ширкат накардан. Инҳо бастагӣ доранд ба марҳалаи баъдӣ ва вазъияте, ки мо дар он хоҳем буд".

Оқои Кабирӣ афзуд, дар сурати бенатиҷа боқӣ гузоштани шикоёти ин ҳизб роҷеъ ба мавориди зиёди тақаллуб ин имкон низ вуҷуд дорад, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ширкати худ дар Маҷлиси намояндагонро зарур нашуморад.
XS
SM
MD
LG