Вақте ки Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, натиҷаи интихоботи якшанберо эълон карду фоизҳои раъйи ба дастовардаи аҳзоби сиёсиро баён кард, дафъатан гуфтаҳои Бобои Маҳмадлатиф ба ёдам омад… Ҳизби Халқӣ демократӣ наздики 72 дарсад, Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар корзори интихобот хеле фаъол буд ва тарафдори зиёд низ пайдо карда буд, ҳамагӣ наздики ҳашт дарсади раъйро гирифтааст. Ҳизбҳои дигар камтар аз ин овоз гирифтаанд.
Яъне ин баёнгари он аст, ки боз мисли порлумоне, ки матбуот таи панҷсоли ахир онро хомуш ва вакилонашро хоболуд мегуфт, ба сари кор меояд…
Чаро? Зеро аксари курсиҳои Маҷлиси Намояндагон ва овози аксар дар ихтиёри як ҳизб ҳизби ҳоким ҲХДТ буд. Вақте ки як ҳизб ҳаққи овози аксарро дораду ҳизби дигар раъйи ночиз дар порлумон дорад, беҳбудии ҷиддиеро ба қавли Бобои Маҳмадлатиф интизор намешавад шуд.
Ҳоло бубинед боз ҳамон порлумони пешин такрор мешавад ва боз ҳамон манзараи пешин ва боз ҳамон депутатҳо.
Ҳануз ду ҳафта қабл аз баргузории интихобот як рӯзноманигор, ки давраи таблиғу ташвиқи барномаҳои ҳизбҳоро пайгирӣ мекард, гуфт, ки ҳизби Наҳзати исломӣ худро аз ҳизби ҳоким ҳам қавитар ҷилва медод.
Як ҳафта то рӯзи баргузории интихобот зоҳир шудани аксҳои барқади президенти кишвар Имомалӣ Раҳмон ва шиору даъватҳои ӯ дар пештоқу деворҳои биноҳои баланди маркази пойтахт нишон медорд, ки намояндагони ҳизби президент аз шурушавқи мубалиғони ҳизби Наҳзати исломӣ дар андеша афтодаанд.
Бархе таҳлилгарон мегуфтанд, ки наҳзатиён воқеан наҳзат карданд, ки ҳавлу ҳоли корзори интихобот на ҳизби ҳоким балки баданаи ҳукуматро такон дод. Муҳиддин кабирӣ раиси ин ҳизб дар нишасти хабарӣ мегуфт, ки ба кафолати президент Раҳмон барои баргузории интихоботи шаффоф бовар дорад ва ин эътимод онҳоро барои таблиғу ташвиқи барномаи номзадҳои ҳизб дилгарм карда буд. Аммо пас аз шунидани натиҷаи интихобот ба назарам дуд аз димоғи Кабирӣ баромад, ки ин интихоботро ғайридемократӣ ва ношаффоф хонд.
Ман ба ҳеҷ сурат ба гуфтаи Бобои Маҳмадлатиф, ки ба дар рӯзи овоз додан даъват нашудаасту ба раъйдиҳӣ нарафтаасту мегуяд, «аробата худат каш»-у ба умеди депутатҳо нашав, розӣ шуда наметавонам.
Маҳз ҳамин интихобот нишон дод, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар Тоҷикистон ба низоми ҷомеа таъсир гузоранд. Чанд соли пеш ин бовар набуд.
Яке аз лидерони аҳзоби сиёсӣ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки аксари кулли вакилони мардумӣ танҳо ба хотири сӯйистифода аз имтиёзҳои депутатӣ дар курсиҳои порлумон нишастаанд.
Тақрибан дар рӯзҳои пешниҳоди номзадҳо ба курсиҳои порлумон президент бо як фармони худ раисони чанд ноҳияро аз вазифа барканор кард, ки баъди як рӯз номи онҳо дар рӯйхати номзадҳои ҳизби президент пайдо шуд. Ва аксари инҳо дар интихобот пирӯз шуданд. Як дӯсти журналистам мегӯяд, ки оё ин афрод ҳануз мазаи курсии «раисӣ» аз даҳонашон нарафта чӣ гуна метавонанд бишинанду қонун нависанд?
Пас ин суолеро, ки аксари рӯзноманигорон бо шунидани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ медиҳанд, яъне гар «кафолати» интихоботи «шаффоф» танҳо ба хотири роҳ ёфтани ҳамон депутатҳои хомуш бошад пас панҷсоли дигар чиро мешавад интизор шуд?