Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

90% ҷавонон дар ҳодисаҳои нақлиётӣ ҷон додаанд


Дар гузориши нави Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омадааст, сабаби аслии аксари афроди даргузашта дар синни аз 5 то 29 сола ба ҳодисаҳои нақлиётӣ иртибот доштааст. 90 дарсади онҳо дар ҳодисаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд ва шумораи онҳо соле ба 1-миллиону 200 000 нафар мерасад. Чунин ҳодисаҳо бештар дар кишварҳои рушдёбанда рух додааст. Бино ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар кишварҳои рушдёбанда ин афрод ҳангоми ранандагӣ ҷон надодаанд, балки ҳангоми гузаштан аз роҳ ё ҳангоми велосипедронӣ кушта шудаанд. Чунин мутолеот бори аввал ба таври густарда дар 178 кишвар анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG