Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши зиндаи ҳамлаи Толибонро манъ карданд


Бар асоси қарори Идораи амнияти миллии Афғонистон, ки рӯзи душанбе эълон шуд, хабарнигорон фақат баъд аз анҷоми амалиёт метавонанд аз ҷои ҳамла навор ва акс бардоранд.

Мақомоти иктишофии Кобул гуфтаанд, чунин пайгирии зинда ва мустақими ҷараёни ҳамалот чирикиҳоро ташвиқ мекард ва маълумоти барои иҷрои ин ҳамлаҳо муфидро дар ихтиёри ҷангиён мегузошт. Саид Ансорӣ, сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, пӯшиши зиндаи хабарии чунин ҳамалот на ба фоидаи давлат, балки ба нафъи чирикиҳост, ки метавонанд қадамҳои баъдии худро бар пояи маълумоти аз расонаҳо бадастомада бияндешанд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин қарор бо чӣ шевае дар маърази иҷро гузошта хоҳад шуд, вале Ансорӣ гуфтааст, агар хабарнигоре аз ҷараёни ҳамлаҳои Толибон филмбардорӣ бикунад, худ боздошт ва васоилаш низ мусодира хоҳад шуд.

Аммо мунтақидони давлати Афғонистон инро чизе бештар аз талоши сонсур намедонанд ва мегӯянд, қарори мақомот имкони дар ҷараёни чунин ҳамалот ба мардум расондани маълумоти сари вақт дар бораи вазъи амниятиро ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд мекунад.

Раҳимуллоҳ Самандар, раҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони Афғонистон дар Кобул бо изҳори нигаронӣ гуфт: “Аксуламали мо ин аст, ки мутобиқи қавонини Афғонистон, давлат ҳеҷ вақт наметавонад мустақиман пӯшиши масоили хабариро сонсур бикунад. Ва мо, ҳама расонаҳо, мухолифи ин сонсури мустақим ҳастем. Ин амал ба ғайр аз заъфи давлат чизи дигареро нишон намедиҳад ва ин сонсур набояд вазъ шавад.”

Аҷмал Самадӣ, сухангӯи созмони Дидбони ҳуқуқи Афғонистон гуфт, маҳдуд кардани озодии баён мухолиф бо меъёрҳои байналмилалӣ ва Қонуни асосии худи ин кишвар аст. Сардабири ахбори байналмилалӣ дар хабаргузории Ассошиэйтед Пресс Ҷон Данишевскӣ дар Ню-Йорк гуфт, чунин манъкуниии фарогир ва пешгирикунанда умумияте бо ҷомиаи демократӣ надорад.

Дар моҳи август давлати Афғонистон ба расонаҳо барои як рӯз пайгирии мавридҳои хушунатро дар рӯзи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, яъне 20 август манъ кард. Дар ин рӯз ба хабарнигорон дастур шуда буд, то анҷоми таҳқиқот аз ҳузур дар маҳалли хушунатҳо худдорӣ варзанд.

Қарори ахир ҳамагӣ се рӯз баъд аз ҳамлаи маргталабони толиб дар маркази Кобул, ки мунҷар ба ҳалокати 16 нафар шуд, эълон мешавад. Тақрибан нисфи қурбониёни он ҳамла хориҷиён буданд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли сухангӯи Идораи амнияти миллии Афғонистон навишт, наворҳои телевизионӣ дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи 26 феврал ба чирикиҳо дар бораи шеваи амалиёти ҷавобии нирӯҳои амниятӣ маълумот медод.

Дар ҳоле, ки Кобул ба дурустии мавзеъи худ дар ин масъала пойфишорӣ мекунад, хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи қадами дигари давлати Афғонистон ба сӯи сонсури шадидтари матбуот изҳори нигаронӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG