Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои норозӣ ҳушдор медиҳанд


Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳимоят аз раъйи интихобкунандагонашон аз ҳама имконоти қонунӣ истифода хоҳанд бурд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ эълом кард, ки ҳизбаш омодааст дар дифоъ аз раъйи ҷонибдоронаш даст ба эътирози мадание чун гуруснашинӣ, роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ бизанад. Оқои Кабирӣ, ки интихоботи порлумонии баргузоршуда дар кишварро интихоботи "золимона" унвон кард, ҳамчунин гуфт дар ҷаласаи изтирорӣ бо ширкати фаъолони ин ҳизб, ки аз саросари кишвар фаро хонда шудаанд, эҳтимол масъалаи қатъи довталабонаи салоҳияти вакилони ин ҳизб дар порлумони ҷадид матраҳ хоҳад шуд.

Аммо Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ эълом дошт, ки натоиҷи эълоншудаи интихоботро комилан эътироф намекунад, вале муносибати ин ҳизб дар мавриди ҳавзаҳои инфиродӣ баъди дарёфти асноди комил аз камисиюнҳои интихоботӣ муайян мешавад.

Зимнан чунин паёми раиси ҲСДТ ба гуфтаи коршиносон бастагӣ ба ҳавзаи интихоботи Конибодом дорад, ки муовини ин ҳизб Шокирҷон Ҳакимов бо ширкати густарда ва ҷаззоб интихоботро ба даври дуввум кашонидааст. Ва ҳанӯз ин ҳизб умедвор аст, ки ҳадди ақал дар ин ҳавза номзади онҳо комёб шуда, дар Маҷлиси намояндагон аз ин гурӯҳи сиёсӣ намояндагӣ хоҳад кард.
Вале раисони ҳарду ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, яъне Ҳизби наҳзати исломӣ ва Сосиал - демократ раиси ҷумҳурии ин кишварро дар шикасти қавл ва ваъдахилофӣ барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ масъул шумориданд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавқеи худро рӯшан кунад, ки то куҷо мақомот дар маҳалҳо дастури шифоҳии ӯ барои баргузории интихоботи шаффофро риоят кардаанд. Раиси ҲНИТ гуфт то ба имрӯз дар бисёре аз мавридҳо аз мавқеи ҳукумат ҷонибдорӣ кардаааст, вале акнун ҳукумат раъйи ба дастовардаи ин ҳизбро, ки ба гуфтаи оқои Кабирӣ бештар аз сӣ дар сад аст сарфи назар кард, зарур мешуморанд, ки дар муносибат бо ҳукумат таҷдиди назар кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон ба унвони нерӯи сиёсӣ дар баробари ҲНИТ дар ин сабқат шикаст хӯрд ва маъракаро бохт.

Аммо масъулони ҲХДТ, ки дар ин мубориза пирӯз омадаанд баръакси ин гуфтаҳои раҳбарони ду ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки пирӯзии онҳо далели ҷонибдории мардум аз сиёсатҳои ин ҳизб ва раис он аст.

Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ҲХДТ дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе дар ин кишвар бо риояти қонун ва озоду шаффоф доир шудааст ва ҲХДТ аксари кулли курсиҳои порлумонро ба даст овард.

Ба ин тартиб вокуниши ниҳоии ҲНИТ ба интихоботи парлумонии кишвар рӯзи чаҳоршанбе муайян хоҳад шуд, вале раҳбари ҲСДТ гуфт бо ҳама мадорик ва далелҳое, ки дар даст дорад аз ҳуқуқи худ дар додгоҳ дифоъ хоҳад кард.

Мақомот дар баробари эътирози аҳзоби мухолиф, ҲНИТ, ҲСДТ ва ҳатто ҲК, ки ба шиддат аз натиҷаҳои интихобот норозиянд, то кунун изҳори назар накардаанд.

Аммо эҳтимолан мавзеъи мақомоти расмӣ ҳам бо нашри мавзеъи расмии ҲНИТ дар рӯзи чаҳоршанбе бештар рӯшан шавад.
XS
SM
MD
LG