Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма боз ду ҷонро гирифт


Бар асари боришоти зиёди барф ва тармарезӣ дар Бадахшон боз се каси дигар қурбон шудааст.

Ба иттилоъи Мунаввар Мирзомустақимов, сардори шӯъбаи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, бегоҳии 1-уми март зану шавҳар, сокинони деҳаи Патхури ҷамоати Ванқалъа, ки пойи пиёда аз як деҳа ба деҳаи дигар ҳаракат мекарданд, дар 120-километрии ҷодаи Хоруғ-Уш зери тарма монданд. Сардори шӯъба гуфт, ҷиҳати бузург будани ҳаҷми тарма ҷустуҷӯи ҷасадҳои қурбоншудагон аз ҷониби сокинони деҳот ва гурӯҳи наҷотдиҳандагони ситод ҳанӯз идома дорад.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи ситод, дар ин рӯз ҳамчунин як сокини Гармчашма Навбаҳори Миликбек барои ҷустуҷуи ҳайвоноти хонагӣ ба пуштаи назди деҳа баромада, зери тарма мондааст, вале хушбахтона ӯро зинда дарёфта, аз зери тарма бурун овардаанд.

Қаблан, бар асари тармарезӣ дар масири Хоруғ-Ишкошим як ронандаи мошини боркаш, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ҳангоми резиши тарма ба хотири наҷот ёфтан худро аз кобин ба берун ҳаво дода буд, аз зарби тарма ҳалок шуд. Ҳамчунин, як сокини деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон аз резиши тарма дар пуштаи назди деҳа ба ҳалокат расид. Бар асари сармои шадиди Мурғоб посбони қароргоҳи як ширкати қазоқистонӣ, ки дар кони нуқраи Оқҷилға кор мебарад, роҳгум зад ва ях кард.
XS
SM
MD
LG