Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Интихобот золимона буд."


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳизбаш фардо, 3-юми март тасмим хоҳад гирифт, ки натиҷаҳои интихоботи порлумониро бипазирад ё на. Аммо ҳамчунон натиҷаҳои эълоншударо золимона унвон кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки субҳи имрӯз нишасти матбуотӣ доир кард, интихоботи рӯзи якшанбеи порлумониро «интихоботи золимона» унвон кард ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро «мазлум» номид.

Бар тибқи маълумоти аввалияи КМИР, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии кишвар бештар аз 7 дарсади раъйҳоро соҳиб шуд, вале Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бино бар маълумоти онҳо, ҲНИТ дар ин интихобот бештар аз 30 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

Раиси ҲНИТ гуфт, фардо, 3-юми март, фаъолони интихоботии ҳизб аз саросари кишвар ҷамъ хоҳанд омад ва бо машварат тасмим хоҳанд гирифт, ки ба ин натиҷаҳо чӣ гуна бархӯрд намоянд. Ӯ гуфт, ин тасмим метавонад гуруснанишинӣ бошад, ё ба додгоҳ шикоят бурдан, ё гирдиҳамоии эътирозӣ, ё роҳпаймоӣ ва ё ҳатто эътироф нашудани натиҷаҳо ва даст кашидан аз курсиҳои порлумонӣ.

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, ҲНИТ дар ояндаи наздик дар муносибати худ бо ҳукумат ва сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии ҳукумат таҷдиди назар хоҳад кард.

М. Кабирӣ гуфт, дар ин интихобот ҲХДТ аслан мағлуб шуд, вале бо роҳи тақаллуб натиҷаҳоро ба нафъи ҳизби президент ҳал карданд. Ӯ гуфт, ваъдаи раисҷумҳур Раҳмон дар мавриди шаффоф доир шудани интихобот комилан иҷро нагардид ва бояд ӯ худаш маълум кунад, ки ваъдаро кӣ нақз кардааст.

Бардошти ҲНИТ аз интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
XS
SM
MD
LG