Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Медведев аз Фаронса идома дорад


Боздиди давлатии Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Фаронса идома дорад. Имрӯз ин боздид бештар ба масъалаҳои фарҳангӣ муттамарказ мешавад. Қарор аст, Медведев ва Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса бар пояи қабри сарбози номаълум дар Арки Тириумф гулчанбар нисор кунанд. Сипас ҳар ду раҳбар намоишгоҳи тарихии калисои Ортодоксро дар музеи Лавр боз мекунанд. Ин намоишгоҳ бахше аз табодули осори фаҳангист, ки дар чаҳрчӯбаи "Соли Фаронса дар Русия" ва "Соли Русия дар Фаронса" ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG