Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон


Дар ҳамлаҳои ҷудогона дар саросари Афғонистон имрӯз панҷ ғайринизомӣ ва чаҳор сарбози хориҷӣ кушта шуданд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ Ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО гуфт, ду сарбозаш дар ҳамлаи ғайримустақим дар ғарби Афғонистон ва як тани дигар дар ҳамлаи мусаллаҳона дар ҷануби он кишвар ҳалок шудааст. Ба гуфтаи нерӯҳои эътилофи сарбози чаҳоруми хориҷӣ дар наздикии шаҳри Қандаҳор ҷон додааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Афғонистон дар як бомбгузории интиҳорӣ дар ин маҳал ҳамчунин чаҳор ғайринизомӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG