Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи номзад парванда мекушоянд?


Додситонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба баррасии матолиби марбут ба қазияи номзад ба вакилии парлумон Сайвалӣ Нуров пардохтааст.

Умед Каримов, додситони Вахш, бо тасдиқи ин хабар гуфт, мақомоти додситонӣ асноди таҳияшуда бар асоси шикояти раиси қитъаи раъйдиҳии рақами 20-ро, ки гуфтааст, номзад Сайвалӣ Нуров ӯро мавриди латтукӯб қарор додааст, аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш хоста ва мавриди омӯзиш қарор додааст.

Ҷаноби Каримов афзуд, шикоятномаи раиси қитъаи раъйгирӣ Ғоиб Хоҷаназаров аз муштзӯрии номзад Сайвалӣ Нуров дар додситонии маҳаллӣ дар мӯҳлати се рӯзи оянда мавриди баррасӣ қарор мегирад ва пасон, додситонӣ тасмим хоҳад гирифт, ки оё алайҳи С. Нуров парвандаи ҷиноӣ боз кунад ё хайр.

Баҳси номзад ва раиси қитъаи раъйдиҳӣ

Ғоиб Хоҷаназаров, раиси қитъаи раъйгирии №20, воқеъ дар ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш, гуфт, 28 феврал аз сӯйи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров мавриди муштзӯрӣ қарор гирифтааст. Вай афзуд, ҳудуди 80 интихобкунанда дар қитъаи раъйдиҳии № 20 шоҳиди манзараи латтукӯб шудаанд.

Ҷаноби Хоҷаназаров мегӯяд, «Нуров як мушт ба даҳони ман зад ва хашмаш поин нашуда, ба пушти сарам муште дигар кӯфт. Баъдан дашномҳои зиёд дод, ки ҳама ҳозирон шоҳиди ин ҳол буданд…»

Дар ҳамин ҳол, худи Сайвалӣ Нуров дар як тамоси телефонӣ гуфт, ҳодисаи латукӯби раиси қитъаи раъйдиҳӣ бофтаи тахайюли рақибони сиёсиаш мебошад.

Вай мегӯяд, «инҳо аз ҳама кор сенсатсия месозанд. Баҳси мо танҳо ҳамин қадар буд, ки ман эрод гирифтам, ки дар дасти як нафар баргаҳои раъйи 4-5 нафар буд…»

Бо ин ҳама, дар ҳавзаи Вахш-32 номзади ҲХДТ Абдуҷалол Салимов бо касби 58,8 дарсади раъйи мардум пирӯз эълон шуд. Рақиби аслии вай – домодаш Сайвалӣ Нуров, ки даъвоҳо ва сарусадоҳо нисбаташ дар рӯзи интихобот дар рӯзи интихобот зиёд паҳн шуда буд, дар муборизаҳои интихоботӣ ҷойи саввумро касб кард. Ба ҷонибдории вай 16,2 фоизи интихобкунандаҳо раъй доданд.

Соҳибкори маъруф Низомуддин Толибов дар ин сабқат аз Сайвалӣ Нуров, вакили парлумони солҳои 2005-2010 пеш гузашт, чун аз ӯ 17,1%-и интихобкунандаҳо пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG