Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши аҳзоб ба натоиҷи расмии интихобот


Раҳбарони се ҳизби сиёсӣ – ҲНИТ, ҲСДТ ва ҲКТ натоиҷи муқаддамотие, ки Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар эълон кард, ғайривоқеӣ донистанд.

Бар пояи маълумоти ниҳоди нозири интихобот беш аз 70 дар сади раъйдиҳандагони Тоҷикистон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, беш аз ҳафтуним дар сад аз ҳизби наҳзати исломӣ, каме беш аз 7 дар сад аз ҳизби коммунист пуштибонӣ кардаанд.

Ҳамчунон ба гуфтаи КМИР, эҳтимолан ҳизбҳои аграриву ислоҳоти иқтисодӣ низ марраи панҷдарсадиро убур намуда, соҳиби курсӣ дар Маҷлиси намояндагон хоҳанд шуд. Вале се ҳизби дигар: демократ, сотсиалист ва сотсиал-демократ бо дастгирии камтар аз як дар сади раъйдиҳандагон ба Маҷлиси Намоядагон роҳ нахоҳанд ёфт.

Кабирӣ: "Ин як масхарабозӣ буд"

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ки қабл аз баргузории интихобот эҳтимоли ҷо гирифтани даҳ намояндаи ҳизбаш дар порлумонро ҳадс мезад, натиҷаи интихоботро сохтакорона унвон кард ва эътирози худ аз натиҷаҳои ин интихоботро чунин баён кард: “Ба назари ман, ин танҳо як масхарабозӣ буд”.

Ин ҳарфҳои оқои Кабирӣ танҳо пас аз чанд дақиқаи эълони натиҷаи интихобот аз тарафи Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, садо доданд.

Пештар аз ин ҳам вай дар як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи ҳизби наҳзат ба хабарнигорон интихоботи соли 2010-ро ғайридемократӣ ва ғайришаффоф эълон карда буд.

Шабдолов: "Моро ба сифр баробар мекунанд"


Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон низ аз натиҷаи интихобот танқид кард ва гуфт, ин интихобот танҳо ба суди як ҳизб ва он ҳам ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон меистад, анҷом шудааст.

Вай афзуд, “ба мо гӯё ҳафт дарсад раъй додаанд. Ин чӣ хел мешавад? Дар ҳоле ки мо дар дафъаи гузаша 22 дарсад раъйи мардумро ба даст оварда будем. Ҳамин хел моро ба сифр баробар мекунанд. Мо қаноатманд нестем, тамом”.

Шикоятҳои Зойиров


Раҳматилло Зойиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, низ натиҷаҳои интихоботро нодуруст эълон кард ва гуфт, ки ин натиҷаҳо дар заминаи тақаллубкорӣ ва қонуншиканиҳои афзуни масъулони қитъаҳои раъйдиҳӣ ба даст омадаанд.

Вай гуфт, аз болои чунин натиҷагирии нодуруст шикоят хоҳад бурд, аммо на ба Кумисюни марказии интихобот, балки ба додгоҳ: “Бубинед, дар як ҷо мешавад, ки ҳамагӣ 500 интихобкунанда ҳаст, валекин аз рӯйи натиҷа дар он ҷо ба тарафдории ҳизби халқӣ-демократӣ 900 кас овоз додааст. Ин мазмуни онро дорад, ки баргаҳо дар асоси дастаҷамъӣ ва дар асоси тақаллубкорӣ ба манфиати ҳизби ҳалқӣ-демократӣ ворид карда шудаанд”.

Ин шикоятҳову танқидҳои раҳбарони се ҳизби норозӣ дар ҳоле садо доданд, ки мақомоти давлатӣ, нозирони кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ ва ҳамчунин нозирон аз созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро шаффофу демократӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ хонданд.

Нишасти нозирони САҲА

Аммо дар нишасти охирини худ ҳайъати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо агарчӣ фазои баргузории интихобот дар Тоҷикистонро ором гуфтанд, вале аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ин интихобот мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ сурат нагирифтааст.

Артикс Пабрикс, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА гуфт, ҳайъати нозирони САҲА гузориши ниҳоии худро пас аз як моҳ навишта, бо тавсияҳои худ ба мақомоти расмии Тоҷикистон низ ироа хоҳад кард. Вай гуфт, уммед дорад, ки дар ин интихоботҳои баъдӣ, ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои ин созмонро низ ба эътибор хоҳад гирифт.

Қаблан дар ду гузориши худ нозирони САҲА давлати Тоҷикистонро барои он танқид карданд, ки ба қонуни интихобот ислоҳ ворид накардааст ва ҳамчунин минбари телевизионҳои давлатиро барои баҳсу мунозираи аҳзоби мухталиф дар ихтиёри онҳо нагузоштааст.


Results of elections
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:59 0:00


Бо ин ҳол, ҳизби Cотсиалистӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби кишоварзӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон расман аз натиҷаҳои инихобот танқид ё шикоят накарданд.

Танҳо Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки пас аз гуфтугузораш бо масъулони Кумисюни марказии интихобот дар ин бора изҳорот пахш хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG