Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шокирҷон Ҳакимов ба рақобат идома медиҳад


Бар пояи маълумоти КМИР, танҳо дар як ҳавзаи инфиродӣ, дар Конибодом, номзадҳо ҳадди 50 дарсадии овозҳоро убур накарда, ба даври дуюми интихоботи парлумонӣ роҳ ёфтаанд.

Дар ин ҳавза Шокирҷон Ҳакимов, номзади ҲСДТ ва Насрулло Маҳмудов, намояндаи ҲХДТ ва додситони шаҳри Кӯлоб баъд аз 2 ҳафта сабқати худро барои дарёфти курсии парлумонӣ идома хоҳанд дод.

Аз рӯи маълумоти комиссияи ҳавзаи инфиродии Конибодом, Н . Маҳмудов 36 дарсад ва Ш. Ҳакимов 31 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Миёни 13 ҳавзаи инфиродии вилояти Суғд танҳо дар Конибодом номзадҳои интихоботи парлумонӣ ҳадди 50 дарсади овозҳоро убур накарда, ба даври дуюми интихобот раҳ ёфтанд.

Бино ба маълумоти комиссияи ҳавзаи инфиродии Конибодом, дар ин ҳавза 84 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳавзаи доғ 3 номзад аз ҲХДТ, ҲСДТ, ҲНИТ ва 2 номзади худпешбар барои соҳибӣ ба курсии парлумонӣ мубориза мекарданд.

Насрулло Маҳмудов, номзади ҳизби халқии демократӣ, дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ зиёд суҳбат накард, танҳо гуфт, ки бо эътимод ба овоздиҳандагони худ вориди навбати дуюми интихобот хоҳад шуд.

Ба навбати худ Шокирҷон Ҳакимов, номзад аз ҳизби сотсиал – демократӣ, низ ба пирӯзии худ дар навбати дуюми интихоботи парлумонӣ изҳори умед кард. Вай ҳамчунин як идда камбудиҳоеро зикр кард, ки дар ҷараёни интихоботӣ ва шумори овозҳо ҷой доштаанд: «Муҳимтарини қонуншиканиҳо: дар вақти раъйдиҳӣ мақомоти ҳукумати маҳаллӣ бо баҳонаи назорат овоздиҳандагонро барои раъй додан ба номзади ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ даъват мекарданд, рӯзи интихобот ба ҳавзаву қитъаҳо 5 ҳазор варақаи интихоботӣ хеле дер, соатҳои дастрас гардид, ки роҳро ба тақаллубкорӣ боз кард, вақти шуморидани овозҳо дарҳои комиссияи ҳавзаи инфиродӣ баста буд, баъд аз шумори натиҷаи онро овезон накарданд ва нусхаи онро то ҳол ба мо надоданд, бештари намояндагони қитъаҳои интихоботӣ аз ҳизби халқии демократӣ намояндагӣ мекарданд, тибқи дастури раиси ҳукумати Конибодом ду рӯз қабл аз рӯзи баргузории интихобот фаъолияти телевизиони маҳаллӣ қатъ карда шуд… »

Конибодом аз ҳавзаҳои доғи интихоботӣ дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дар он соли 2005 низ даври дуюми интихоботи парлумонӣ доир гашта буд.
XS
SM
MD
LG