Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози расмии Қирғизистон ба давлати Эрон


Давлати Қирғизистон мегӯяд, барои амалкарди Эрон расман эътироз кардааст, ки як ҳавопаймои мусофирбари он кишварро ҳафтаи гузашта фуруд овард. Аммо ҳамзамон рад кард, ки маъмурони амниятии Эрон як раҳбари суннимазҳаби саркашро боздошт намудаанд. Бино ба гузориши матбуоти Эрон, ҳавопаймоҳои ҷангии кишвар, рӯзи 23 феврал як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон иҷборан дар қаламрави кишвар фуруд оварда ва аз дохили он Абдулмалик Регӣ - раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи Ҷундуллоҳро боздошт карданд, ки гурӯҳаш дар ҷанубушарқи Эрон фаъол аст. Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо нашри баёнияе имрӯз гуфт, Мададхон Шеримқулов – сафири кишвар дар Теҳрон, бо муовини вазири умури хориҷаи Эрон мулоқот намуда ва “аз норавоии чунин иқдомоти тарафи эронӣ эътироз кардааст."
XS
SM
MD
LG