Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон як "дари бастаро" ба рӯи Русия боз кард


Баъди се соли хусумат миёни Гурҷистону Русия, Тифлис як гузаргоҳи бастаи марзӣ дар кӯҳистони Қафқозро аз нав боз кард. Гузаргоҳи Ларси Боло, ягона гузаргоҳи мустақими марзи миёни Русияву Гурҷистон аст, ки хориҷ аз қаламравҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон ҷойгир мебошад. Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон гуфт, гузаргоҳи марзӣ барои мардум, мошинҳо ва интиқоли молу коло боз хоҳад буд, аммо равуои шаҳрвандони Русия ба Гурҷистон ҳамчунон бо раводид сурат мегирад. Бо бад шудани муносиботи Русияву ҳукумати ғарбгарои Гурҷистон, Маскав се соли пеш гузаргоҳи мазкурро баст. Равобити тираи ду тараф соли 2008 ба ҷанг печид. Бастани гузаргоҳи мазкур, ба тиҷорати соҳибкорони арманӣ зарбаи сахте зад, чунки он гузаргоҳ маҳалли муносиби интиқоли молу колояшон ба Русия буд.
XS
SM
MD
LG