Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нозирони интихоботӣ


Бидуни шиноснома ҳозир шудани раъйдиҳанда ба қитъаи интихоботӣ, вуруди кормандони милиса ва мақомоти ҳукумат ба дохили бинои раъйдиҳӣ ва аз номи аъзои хонавода раъй додани танҳо як нафар – ин ҳама мавориди қонуншиканиҳоеанд, ки ба гуфтаи нозирони миллӣ, дар ҳавзаҳои водии Вахш ба такрор сар задаанд.

Ҳайдар Алиев, масъули дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар натиҷаи фишорҳои паёпай ва нақзи ҳуқуқи нозирии ӯ, вай водор шудааст, ба нишони эътироз аз қитъаи раъйдиҳии №1-и Қӯрғонтеппа бадар равад.

Вай гуфт, «одамон бе шиноснома ворид мешуданд, дар дасти як нафар чанд баргаи раъй дида мешуд, масъулони ҳукумат дохили бино мешуданд. Маро гуфтанд, ки нозир ҳастӣ ва бояд дар гӯшаи муайяншуда бинишинӣ, дар ҳоле ки мо – нозиронро дар 15-20 метр дуртар аз сандуқҳои раъй ҷой дода буданд…»

Ва аммо масъулини қитъаи раъйдиҳии № 1-и Қӯрғонтеппа мегӯянд, ба сабаби берун шудан аз ҳадди ваколатҳои нозириаш аз кори Ҳайдар Алиев эрод гирифта шудааст, аммо ҳуқуқи нозирии ӯ поймол нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Қаландар Садриддинзода, раиси бахши хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, интихоботи имсолаи парлумонӣ дар муқоиса бо раъйдиҳии 5 соли пеш аз лиҳози демократӣ беҳтар доир мешавад, аммо ҳамоно мавориди қонуншиканӣ ба мушоҳида мерасанд:

«Як раъйдиҳанда бояд чаҳор, дар ноҳияҳо панҷ барга ё бюллетен бигирад, аммо нозирони мо хабар доданд, ки дар баъзе қитъаҳои раъйдиҳӣ ба дасти интихобкунанда на чаҳор, балки 2 ё 3 баргаи раъйдиҳӣ дода шудааст. Шояд масъулони интихоботӣ баргаҳои даркориро бо мақсади ин ки овоздиҳанда номи номзадҳои «зарурӣ»-ро хат назанад, онро ба дасти интихобкунанда намедоданд…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки бар асоси мушоҳидаҳо, дар навоҳӣ ва рустоҳои канортар аз шаҳри Қӯрғонтеппа, сокинони маҳаллӣ ҳатто дар рӯзи баргузории интихобот ҳам асомии номзадҳоро дуруст намедонистанд ва ҳизбҳои сиёсиро ҳам дуруст фарқ намекарданд. Чунин ба назар мерасад, ки бештар аз ҳама ҷавонон аз ин ҳама воқиф нестанд.

Дар иддае аз қитъаҳои раъйдиҳии воқеъ дар деҳкадаҳо, занону духтарони ҷавон дида намешуд, ки ба пойи сандуқҳои раъй бираванд. Масъулони интихоботӣ дар шарҳи сабаби ин воқеият гуфтанд, хонумҳои маҳаллӣ тӯда-тӯда шуда, шомгоҳ дар алоҳидагӣ ба раъйдиҳӣ хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG