Пайвандҳои дастрасӣ

Новобаста аз ҳавои боронӣ, сокинони зиёди пойтахт, ки дар миёнашон бонувони солманд низ кам набуданд, барои овоздиҳӣ ба пояи қуттиҳои раъй омаданд.

Раъно Восиева, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи пойтахт, гуфт, интихоботи имсола аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки номзадҳо тариқи телевизион ва радио бештар баромад карданд ва ва шахсан ӯро муттақоид сохтанд.

Мусоҳиби дигари мо Дилором Абдуллоева, сокини бознишастаи шаҳри Душанбе, варақаи раъйро барои он ба сандуқи интихобот андохтааст, ки мехоҳад, танҳо нафақапулии бознишастаҳо боло бурда шавад. Вай мегӯяд, ҳоло нафақаи ӯ ба 61 сомонӣ баробар аст.

Хонум Абдуллоева афзуд, «бисёр аламовар аст,ки ба ивази собиқаи кории беш аз 40-сола, 50–60 сомонӣ нафақа бигирӣ. Вақте мебинӣ, ки касе бо роҳи шиносбозӣ нафақаи баланд то 300 сомонӣ ва каси дигар ба ивази меҳнатҳои чандинсола 50 сомонӣ мегирад».

Сокини рустабори пойтахт Екатерина Фёдорова, ки бо асобағал роҳ мерафт, гуфт, ҳануз дар синни 18-солагӣ ба Душанбе омада, тамоми умри худро сарфи рушди соҳаи тибби Тоҷикистон кардааст. Вай низ мегӯяд, «ба умеди бештар шудани нафақаи бознишастагон овоз додааст».

Ҷавонзанеро, ки дар ин ҳавзаи интихоботии рақами 44 вохӯрдем ва худро Робия ном бурд, мегӯяд, вай бовар дорад, ки вакилони оянда, ба ваъдаҳои худ содиқ мемонанд ва барои хусусан занони кишвар, ки бори мушкилоти зиндагӣ бештар бар души онҳост, хидмати сазовор мекунанд.

Ва аммо Наҷминиссо Қодирова, сокини дигари пойтахт, гуфт, ҳузури депутатҳо ва нақши онҳоро дар зиндагии худ ҳаргиз эҳсос. Вай гуфт, ба депутаҳои оянда низ бовар надорад.

Сӯҳбати мо бо хонумони синнуоли мухталиф гувоҳи он буд, ки онҳо алоқамандӣ ва умедвории зиёд ба вакилони мардумӣ ва парлумон надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG