Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи қабл аз интихобот


Имрӯз, 27-уми феврал, номзадҳо бо интихобкунандагон мулоқот намекунанд, талошу кӯшишҳои мубаллиғони аҳзоб дар хиёбонҳои шаҳр ба чашм намерасад. Вале ҳавзаҳои интихоботӣ ва минтақаҳои райъдиҳӣ пурташвиш ба назар мерасанд.

Хабарнигори Озодӣ субҳи имрӯз аз як минтақаи овоздиҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт, дидан кард. Ин минтақаи овоздиҳӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи маҳаллаи Қаряи Боло ҷойгир аст. Дар ин минтақаи райъдиҳӣ, ки 6 маҳаллаи атрофро фаро мегирад, ҳама ашёву асбоби интихобот ба гунае, ки тақозо мешавад, фароҳам буд. Ду ҳуҷраи алоҳидаи овоздиҳӣ бо сандуқҳои махсус, ки атрофашон бо матоъи сурх печонида шудаааст ва дар девор тарзи дурусти овоздиҳӣ ва истифодаи бюллетенҳо ҳамчун намуна ва навиштаҷоти дигари даъват ба интихобот овехта шудааст. Дар утоқи дигар чанд қуттии сайёр барои нафарони барҷомонда ва маъюб низ ба чашм мерасид.

Усмон Нормуҳаммадов, муовини раиси минтақаи инихоботии мазкур, гуфт, онҳо феҳрасти навҷавононеро, ки бори нахуст дар интихобот ширкат мекунанд, дар даст доранд ва тасмим доранд, ки онҳоро идона ва хотирмон истиқбол намоянд.

Қисмати дигари омодагиҳо ба интихобот, ба монанди рубучини атрофи ин минтақаи овоздиҳӣ ва шустушуи дару деворро хонандагони синфҳои поёнии мактаб ба ҷо меоварданд. Як гурӯҳи духтарон деворҳо ва дару шишаи панҷараҳоро ва гурӯҳи дигар ҳавлӣ ва атрофи минтақаи райъдиҳиро ҷорӯб мезаданд.

Чанде аз райъдиҳандагони ин минтақаи овоздиҳӣ дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ҳарчанд ҳузури депутатҳоро дар ҳалли мушкилоташон эҳсос намекунанд, вале боз ҳам ба умеде, ки депутатҳои нав ваъдаҳои ба онҳо додаашонро иҷро мекунанд, фардо ба пойи сандуқҳо райъ хоҳанд рафт.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, райъдиҳӣ соати 6-и субҳи фардо, яъне 28-уми феврал шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG